Кишоварзони Суғд ба парвариши шафтолуи сиёҳ гузаштаанд

 Кишоварзони вилояти Суғд ният доранд имсол ҳосили шафтолу сиёҳро зиёд кунанд. Ҳосили шафтолуи сиёҳ, ки ниҳоли онро ду сол пештар аз Италия ба Суғд оварда буданд, дар моҳи июл-августи соли ҷорӣ пухта мерасад. Шафтолуи сиёҳ барои таҷриба дар ним гектар замини филиали Институти боғпарварию сабзавоткории АИКТ дар вилояти Суғд шинонида шудааст.

Тоҷибой Бойматов, номзади илмҳои кишоварзӣ мегӯяд, ранги ин намуди шафтолу сиёҳ буда, ҳангоми пухта расидан як донаи меваи он аз 50 то 70 гармм вазн мегирад. Масъулин тасмим доранд дар сурати ҳосили хуб додан ва ба иқлими Суғд мутобиқ шудани шафтолуи сиёҳ парвариши онро ба деҳқонон тавсия медиҳанд.

                                                                                                                                                             Фарзона Муродӣ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *