Бердигуловаро буғи карда куштанд

Дар шаҳри Кокшетау ҷасади раиси ҳайати додрасии парвандаҳои ҷиноии вилояти Оқмуллои Қазоқистон Жанна Бердигуловаро кашф карданд. Ба гуфтаи пулис, додраси 46-соларо рӯзи 13 июн дар манзилаш буғӣ карда куштаанд.
Ба маълумоти расонаҳои маҳаллӣ, ибтидо ба пайвандон ва ҳамкорони Бердигулова хабар доданд, ки вай аз сактаи қалб фавтидааст. Дертар ташхис нишонаҳои марги иҷбориро кашф намуд.

Сухангӯи Шӯъбаи умури дохилии вилоят Гулнор Пинчук ба хабарнигорон гуфт, дар робита ба ҳодиса парвандаи “қатл” боз шудааст. Пулис як сокини 32-солаи вилоятро, ки пештар бо айбномаи куштор зиндонӣ гаштааст, ҳамчун гумонбаршудаи қатли додрас ба ҳабс гирифт. Боздоштшуда аллакай дар ин ҷиноят иқрор кардааст. Ангезаҳои куштор ошкор нашудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *