Раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон дар Озарбойҷон

Абдуфаттоҳи Ғоиб – раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон – ба Озарбойҷон рафтааст. Мақомоти ин ниҳод рӯзи 13-уми июн гуфтанд, ки оқои Ғоиб дар Боку дар ҷаласаи Шӯрои раҳбарони хадамоти гумруки Иттиҳоди Давлатҳои Мустақил иштирок дорад.

Бино ба хабарҳо, Илҳом Алиев – раиси ҷумҳури Озарбойҷон – рӯзи чаҳоршанбе раҳбарони Хадамоти гумруки кишварҳои ИДМ, аз ҷумла Абдуфаттоҳи Ғоибро ба ҳузур пазируфт. Дар ин ҷаласа раҳбарони Хадамоти гумруки Русия, Беларус, Тоҷикистон, Узбакистон, Қирғизистон ва Қазоқистон иштирок доранд. Ҷузъиёти дигаре аз ин ҷаласа дар даст нест.

Танҳо дафтари матбуоти Хадамоти гумруки Тоҷикистон эълон кард, ки дар ҳошияи нишаст миёни мақомоти гумруки Тоҷикистону Узбакистон дар бораи ҳамкорӣ ва ёрӣ ба якдигар санад ё “протокол” имзо шудааст. Абдуфаттоҳи Ғоиб моҳи гузашта дар як нишаст дар Чин буд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *