Бердимуҳаммадов писарашро вазир кард
Қурбонгулӣ Бердимуҳаммадов, президенти Туркманистон писараш Сардор Бердимуҳаммадовро вазири саноат ва сохтмон таъин кард. Дар ин бора хабаргузории «Сентрал Азия» дар такя ба расонаҳои маҳаллӣ хабар медиҳад.
Сардор Бердимуҳаммадови 38-сола ҳамагӣ наздики як сол пеш раиси вилояти Аҳали Туркманистон таъин шуда буд. Ҷаҳиши Сардор аз як мақом ба мақоми дигар тахмину гумонҳоеро ба бор овардааст, ки Бердимуҳаммадови калонӣ писарашро ба ҳайси ворис омода мекунад. Сардор Бердимуҳаммадов то таъин шуданаш дар вазифаи раисии вилояти Аҳал муовини раиси вилоят ва пеш аз он муовини вазири корҳои хориҷӣ буд. Вай ҳамзамон вакили порлумони Туркманистон низ мебошад.
Дар мақоми нав Сардор Бердимуҳаммадов зоҳиран тарҳи пуровозаи сохтмони маркази маъмурии вилояти Аҳалро роҳбарӣ ва назорат хоҳад кард.
Президент Бердимуҳаммадов ахиран фармон дар бораи ҷудо кардани 1,5 миллиард долларро барои хариди маводу дастгоҳҳои сохтмонӣ аз хориҷ имзо кард. Вилояти Аҳал зодгоҳи хонаводаи Бердимуҳаммадовҳо аст.
Фармони президенти Туркманистон дар ҳолест, ки ҳукумати ин кишвар воридсозии маҳсулоти хориҷиро маҳдуд кардааст. Ҳамзамон дар Туркманистон камбуди асъори хориҷӣ ба шиддат мушоҳида мешавад. Туркманистон дар солҳои охир ба далели ба фурӯш нарафтани нафту газ ба буҳрони амиқи иқтисодӣ гирифтор шудааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ