Маркази миллии патент ва иттилоот аз «А» то «Я» (Видео)

Гуфтугӯи мустақими телефонӣ бо директори ин марказ Мирзо Исмоилзода

«Гуфтугӯи мустақими телефонӣ» бо хонандагони ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ва сомонаи «Pressa.tj»зиёда аз 20 сол аст, ки амал мекунад. Он дар заминаи пурсишҳо аз вазирону вакилону масъулон сурат мегирад ва кӯпрукест, ки робитаи хонандаро бо сохторҳои давлатию ғайридавлатӣ барқарор месозад. Раиси Суди Олӣ, прокурори генералӣ, директори Агентии назорати давлатии молиявӣ ва мубориза бо коррупсия, вазирони корҳои дохилӣ, маориф, рушди иқтисод ва савдо,… сафирон ва роҳбарони созмонҳои байналхалқӣ ин рӯйхати мухтасари масъулин аст, ки ба идораи ҳафтаномаи «Тоҷикистон» ташриф оварда, ба саволҳои хонандагон посух доданд.

Ин ҳафта дар идораи ҳафтанома, бо хоҳиши хонандагон, мулоқот бо директори Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода баргузор гашт. Саволҳо бешумор буданд, аммо фишурдаи он дар зер ва шакли мукаммал дар сомонаи «Рressa.tj» ва дар шакли видеоӣ дар ютуб- канали «Рressa.tj» пешкаш мегардад.

— Мирзо Исмоилзода, ба «Тоҷикистон» ва сомонаи Рressa.tj хуш омадед.

— Ташаккур.

— Дар чеҳра хеле ҷавон ҳастед. Ҷавонон соҳибибтикор ва қолабшикан ҳастанд.

-Ҷавон ҳам не, 32 сол дорам. Иқтисодчӣ, хатмкардаи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон ҳастам. Беш аз як сол аст, ки директори Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистонро ба зимма дорам. Қаблан дар сохторҳои гуногуни Вазорати рушди иқтисод ва савдо фаъолият доштам.

— Бисёре аз хонандагон моҳияти Маркази миллии патенту иттилоотро дарк намекунанд. Фикр мекунанд, ки ин ҳамон патенти андоз аст.

-Чунин нест. Фаъолияти Марказ ба ҳифзи моликияти саноатӣ, ҳамоҳангсозии ихтироъкорӣ ва ҷамъовариии захираҳои иттилоотӣ равона карда шудааст. Бо  ин мақсад чорабиниҳои зиёд мегузаронем. Аз ҷумла, мо соли 2019 озмуни “Беҳтарин ихтироъкор дар соли 2017-2018”- ро доир намудем. Дар озмуни мазкур 67 дархост пешниҳод шуд. Аз миёни инҳо ғолибон муайян гардида, бо Ҷоизаи созмони умумиҷаҳонии моликияти  зеҳнӣ,  Ҷоизаи тиллоии ташкилоти патентии  АвруОсиёгӣ, Ҷоизаи фахрии муассиса ва чор нишони муассиса мукофотонида шуданд.

-Соли гузашта чанд ихтироот сабти ном гашт ва муаллифонаш патент гирифтанд?

-Дар соли 2019 ба муассисаи мо аз рӯи ду самт барои гирифтани патент дархостҳо пешниҳод шуданд. Ин самти патент ва нахустпатент аст. Барои бақайдгирии нахустпатентҳо  аз тарафи ихтироъкорони кишвар 111 ариза ва барои патент  ҳамагӣ 3 ариза  пешниҳод гардид. Бинобар ин, ба дархости 89 ариза ҳуҷҷатҳои муҳофизатӣ, яъне нахуспатент дода шудааст.

— Ҳангоми ба қайд гирифтан кадом меъёрҳо ба эътибор гирифта мешаванд?

-Ҳар аризае, ки барои ба қайд гирифтани ихтироъ пешниҳод мешавад, бояд се меъёрро дар назар дошта бошад: навӣ дар саноат татбиқшаванда ва сатҳи ихтироъкорӣ. Мо тамоми ихтироотеро, ки ба ин меъёрҳо ҷавобгӯ ҳастанд, дар сатҳи байналмилалӣ муқоиса мекунем. Агар ихтироъ дар ҷои дигар сабт шуда бошад, ба қайд намегирем. Инчунин, барои додани патент ҷустуҷӯи манбаъҳои маълумотдиҳии калонро истифода менамоем. Яке аз ин манбаъҳо Идораи патенти Русия аст, ки  маълумотро ба он ҷо  ирсол мекунем.Яке аз ихтирооти муҳим, ки  дар маркази сабт шудааст, дастгоҳи сайёри  криа-ҷарроҳӣ аст. Ин асосан барои ҷарроҳии ҷигар истифода карда мешавад. Ҳоло он дар марказҳои тиббии кишвар мавриди истифода қарор дорад. Ихтирои дуюме, ки ба таври васеъ истифода мешавад, ин маводи биойод мебошад ва  дар обҳои ташнагишикан истифода мешавад. Онро ширкати “Анатис” бо номи обҳои биойод истифода мебарад. Ихтирои сеюм, маводи “Намитаб С” мебошад, ки дар соҳаи байторӣ истифода шуда истодааст.

-Баъди муроҷиат ба шумо, эҳтимолияти ихтирои як нафарро дуздидани каси дигар вуҷуд дорад. Билхоса, ки онро барои тадқиқ ба Русия мефиристед ва он солҳо мавриди омӯзиш қарор мегирад.

-Дар кори мо принсипи аввалият истифода мегардад.  Яъне, ихтироъ ба номи касе ба сабт гирифта мешавад, ки аввалин шуда муроҷиат кардааст. Ин принсип дар тамоми соҳаҳои моликияти зеҳнӣ вуҷуд дорад ва дар санадҳои меъёрӣ-ҳуқуқӣ зикр ёфтааст. Он дар нашриёти махсуси муасссисаи мо чоп ва  дастраси мутахассисон ва идораҳои патентӣ  мегардад.

-Чаро мо мустақим ба кишварҳои Аврупо ва Амрико  робита надорем, ин корро тавассути Русия анҷом медиҳем?

-Русия барои мо яке аз марказҳои асосии ҷустҷӯӣ маҳсуб меёбад. Он ҳамаи маълумоти кишварҳоро дар бар мегирад.

-Дар Тоҷикистон ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ пурра риоя мешавад?

-Бале. Тоҷикистон аъзои як қатор созмонҳои байналмилалӣ аст ва Маркази миллии патенту иттилоот низ самаранок истифода мегардад. Инчунин, қонунҳои миллӣ дар ҳифзи ҳуқуқи моликияти зеҳнӣ мавҷуд аст.

— Чаро кишвари мо дар самти иқтироъкорӣ чандон фаъол нест? Магар мардуми мо ихтироъкор нестанд ё монеае вуҷуд дорад? Шояд ихтироот мавриди дастгирӣ ва маблағгузорӣ қарор намегирад?

-Вақте ки ихтироъ дар Маркази миллии патенту иттилоот  сабт мешавад ва соҳиби он патент мегардад, ин маънии эътироф шуданро дорад. Ин тартиби маъмулӣ дар тамоми дунё роиҷ аст. Вақте ки ихтироъ сабт мешавад, бояд худи ихтироъкор ба фурӯшу роҳандозии он талош  варзад. Ҳоло мо аз тарафи Ҳукумати Тоҷикистон барои муаррифии илм ба истеҳсолот дастур гирифтаем. Зеро яке аз шохаҳои илм ин ихтироот аст. Имсол ният дорем, ки он ихтирооте, ки дар Маркази миллии патенту иттилоот сабт ёфтаанд, дар ҳамоише ба истеҳсолкунандагон муаррифӣ намоем. Вазифаи ихтироъкор эҷод намудани навоварӣ аст. Татбиқи он бар зиммаи сохторҳои дигар аст, ки ба истеҳсолот машғуланд.

-Олим соҳибкор нест,  шахсест, ки ба олами илм ва ихтирооти худ фурӯ рафтааст. Имконияти тадбиқ  кардани ихтирооташро дар истеҳсолот надорад. Оё аз ҷониби Ҳукумат дастгирии ихтироъкорон вуҷуд дорад?

-Бале. Ҳукумат ҳамеша манфиатдор бар он аст, ихтироъкорон дастгирӣ ёбанд. Албатта, агар ихтироот дар мақомоти ваколатдор сабт ёфта бошад. Яке аз дастгирӣ ин муаррифии ҳамон ихтироот дар намоишгоҳҳо ва дастрас сохтани он ба  истеҳсолокунандагон  мебошад.  Ба наздикӣ як нафар аз вилояти Суғд барои татбиқи лоиҳааш ба Маркази миллии патенту иттилоот муроҷиат кард. Бо истифода аз намояндагии муассисаи худ дар ин вилоят ба сохторҳои марбута барои ҷудо кардани қитъаи замин ба мақомот муроҷиат кардем. Дастгирӣ ёфт.

Инчунин,  марказ тасмим дорад, ки дар соли 2020 ба хотири муаррифӣ кардани дастовардҳои олимон, муҳаққиқон, ихтироъкорон  чорабиние баргузор намояд. Ҳадаф аз ин чорабинӣ  ҷорӣ намудани ихтироот дар  истеҳсолот аст. Он тахминан моҳи марти соли равон баргузор мегардад. Масалан, дар соҳаи тиб ихтирооти зиёд дорем, аммо то ҳол  муаррифӣ нашудааст. Соли гузашта 9 ихтирои бонувони кишвардар озмунҳои байналмилалӣ, аз ҷумла дар намоишгоҳ ва форуми байналмилалии занҳои ихтироъкор, ки  дар шаҳри Сеули Корея баргузор гардид, роҳ ёфт. Соҳибони онҳо бо ҷоиза қадрдонӣ  гардиданд.

-Мегӯянд, ки дар шаҳри Кӯлоб як нафар трактор ихтироъ кардааст, ки  дар 3 соат 1 литр  сӯзишвории дизелӣ  сарф мекунад. Шумо аз ин хабар доред? Оё он ҳам сабти ном шудааст?

-Бале, огоҳ ҳастам, аммо дар Маркази миллии патенту иттилоот аз қайд нагузаштааст. Аммо ин як маҳсули зеҳн аст ва онро ҳоло ихтироъ гуфтан ҳам чандон мувофиқ нест. Ихтироъ ҳамон вақт эътироф мешавад, ки аз қайди давлатӣ гузарад ва дорои патент бошад. Инчунин, ба он ихтирои монанд набошад. Ҳоло мо талош дорем, нафаре, ки дар Кӯлоб трактор ихтироъ кардааст,  ба Маркази миллии патенту иттилоот  даъват намоем. Аризаашро барои дастгоҳи ихтироъкардааш гирифта, ӯро роҳнамоӣ намуда, барои бақайдгирӣ пешниҳод намоем.

-Ихтироъкор ҳаққи заҳмат мегирад?

-Не, айни замон барои меҳнати ихтироъкор маблағ пардохт намешавад.  Бояд қайд кард, ки мувофиқи низомномаи Маркази миллии патент, агар он ихтироот дар бозор рақобатпазир ва дар истеҳсолот  татбиқ шуда бошад,  хароҷоти ба он  сарфшударо пардохт мекунем. Инро низ комиссияи махсус санҷида, хулоса мебарорад.

-Ихтироъкор барои гирифтани патент чӣ қадар маблағ месупорад?

— Барои пешниҳоди ариза  ва дигар ҳуҷҷатҳои ҳатмӣ  ва ниҳоят ба даст овардани нахустпатент 1253 сомонӣ сарф мешавад. Ин пардохти ҳатмӣ ва корбарӣ аст. Гирифтани патент бошад, 7 ҳазор сомониро ташкил мекунад. Аксарияти аризаҳои пешниҳодшаванда дар самти нахустпатент мебошанд. Ҳуҷҷатҳои патент бошад, барои гузаронидани санҷиш ба Идораи патенти Русия ирсол мегардад. Як қисми маблағ барои ҷустуҷӯҳо ба ин ҷо сарф мешавад.

-Агар ихтироъкор имконияти пардохти чунин маблағро надошта бошад, шумо чӣ кумак мекунед?

-Мутаассифона, муассиса ягон хел ёрӣ расонида наметавонад. Чунин ваколат ҳам надорад. Фақат метавонем, ки он ихтироотро дар сомонаи марказ ҷойгир намуда, муаррифӣ созем. Шояд он вақт сармоягузоре пайдо шаваду онро барои ба қайд гирифтан  ва барои дар истеҳсолот татбиқ намудан дастгирӣ намояд.

-Яке вазифаҳои маркази шумо сабти тамғаи молӣ мебошад. Соли гузашта чӣ қадар тамғаи молиро ба қайд гирифтед?

-Дар ин самт 308 ариза ворид шудааст. Муҳлати гузаронидани санҷиш низ гуногун  аст. Баъзан ҳуҷҷатҳо таъҷилан дода мешаванд. Ҳолатҳое низ ҷой доранд, ки тӯл мекашад, ин вобастагӣ ба норасоӣ дар ҳуҷҷат ва пардохти маблағ аст. Аз  6 моҳ то 1 сол идома мекунад. Тоҷикистон, ки аъзои як қатор созишномаҳои байналмилалӣ аст, бақайдгирии байналмилалиро низ ба анҷом мерасонем. Аз ҷумла, ин  ариза тариқи низоми Мадрид ба қайд гирифта мешавад. Соли гузашта аз тариқи ин низом 1000 адад  ариза ба расмиёт дароварда шудааст.

-То кадом андоза Марказ кафолат медиҳад, ки тамғаи молии ин ё он корхона ҳимоя мешавад? Ба идораи “Тоҷикистон”  аз тарафи баъзе корхонаҳо шикоят ворид шуд, ки  тамғаи молиашонро шахсони алоҳида истифода мебаранд. Магар ин аз рӯи қонун аст?

-Воқеан ҳам, тамғаҳои молӣ ва хизматрасониро Маркази миллии патенту иттилоот ба қайд мегирад. Мо ба тамғаҳои молиро нисбати 45 синфи ТБТХ метавонем сабт намоем. Аризапешниҳодкунанда ҳар синфе, ки ба самти фаъолияташташ мувофиқ аст, интихоб ва ба он шаҳодатнома мегирад.

Тартиби ба қайдгирӣ ва гирифтани патент вобаста ба таърихи муроҷиати шахсони алоҳида ва корхонаҳост. Ҳар касе, ки аввалин шуда, ба Марказ  бо ариза муроҷиат кард ва синферо интихоб намуд, ӯ нисбат ба касоне, ки баъдан муроҷиат мекунанд, бартарӣ, яъне ҳуқуқи аввалият дорад. Соҳиби тамғаи молии аввал ҳукуқ дорад, ки шахси дигарро, ки тамғаи ӯро истифода мебарад, манъ намояд. Зеро он моликияти як нафар аст.

-Сабти  тамғаи молӣ муҳлат дорад?

-Бале, 10 сол аст. Баъди он соҳиби тамға метавонад, ки муҳлатро тамдид намояд.

-Дар сурати муроҷиат накардан — чӣ?

-Он бекор ҳисобида мешавад.

-Чаро доимӣ не, танҳо 10 сол? Магар як шакли тиҷорат нест?

-Мақсади муассисаи мо ситонидани  пул нест, балки  ҳифзи тамғаҳост. Ҳифзи номгузории ширкат, ки ба Марказ пешниҳод ва ба қайд гирифта шудааст, баъди 10 сол сабти тамға ихтиёрӣ мебошад ва аз он пули иловагӣ ситонида намешавад. Дар тамоми кишварҳои ҷаҳон ҳамин тартиб риоя карда мешавад. Ширкатҳое ҳастанд, ки муҳлатро дароз мекунанд ва дар баробари ин ширкатҳое ҳастанд, ки дигар ниёз ба он тамға надоранд.

-Гирифтани тамғаи молӣ чанд пул аст?

-Барои пешниҳод, гузаронидани санҷиш ва додани шаҳодатнома маблағ пайдарҳам супорида мешавад. Барои тамғаи одӣ, барои як синф аз 4 ҳазор сомонӣ оғоз мешавад. Тарофаҳо вобаста ба синфҳо фарқ мекунанд. Баъзеаш арзон аст. Ин маблағ ҳам барои гузаронида санҷишҳо гирифта мешавад.

-Мегӯянд, ки дар Маркази миллии патент кормандон зиёданд. Онҳо чанд нафаранд?

-Не, зиёд нестанд, ҳамагӣ 160 нафаранд.

-Оё ҳамаи онҳо бо кор фаро гирифта шудаанд?

-Бале.  Самти фаъолияти Марказ васеъ аст. Аз бақайдгирӣ то омӯзиш ва додани патент марҳилаи тӯлонӣ аст. Он вақт ва қувваи корӣ мехоҳад.

Гуфтӯи мустақим бо директори Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон Мирзо Исмоилзода ду соат давом кард. Аз тарафи хонандагон саволҳои зиёд ворид шуданд. Албатта, қисме аз онҳо такрор ва қисми дигар берун аз мавзӯъ ва доираи фаъолияти ин Марказ буданд. Шояд баъд аз мутолиаи матни ин мулоқот аз ҷониби хонандагон саволҳои дигар пеш меоянд. Ҳафтаномаи “Тоҷикистон” ва сомонаи Рressa.tj омода ҳастанд, ки ин саволҳоро ба Маркази миллии патенту иттилооти Тоҷикистон пешниҳод намоянд ва посухи масъулини сохторро ба хонанадагон дастрас намоянд. Рӯзномаҳо зиёд, “Тоҷикистон” яктост ва дар хидмати шумо — хонандагон қарор дорад.

Таҳияи Усмон Раҳимзода

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *