Ташкили фоҳишахона дар манзили зист

Зани 34-солаи сокини ноҳияи Шоҳмансури шаҳри Душанбе бо гумони ташкил ё нигаҳдошти фоҳишахона, даллагӣ ё занҷаллобӣ дастгир карда шуд. Дар ин бора дафтари матбуоти ВКД хабар медиҳад.

Тавре манбаъ хабар медиҳад номбурда, санаи 7-уми феврали соли 2020, хонаи ба иҷора гирифтааш, воқеъ дар кӯчаи Айнии пойтахтро ба фоҳишахона табдил дода, ба марди 34-солаи сокини кӯчаи П.Толис ва зани 33-солаи сокини кӯчаи Зарафшон, барои алоқаи ҷинсӣ намудан шароит муҳайё карда, аз онҳо 400 сомонӣ мукофотпулӣ гирифтааст.

Бояд гуфт, ки соли равон аз тарафи кормандони милитсияи пойтахт якчанд ҳолати даллагии ва ё шароит муҳайё кардан дар манзили истиқоматӣ барои алоқаи ҷинсӣ фош карда нисбати гумонбарон чораҳои зарури андешида шуд. Аммо тавре ба назар мерасад то ҳол баъзе аз шаҳрвандон аз фоидаи муфт даст кашидани нестанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *