Беш аз 10 ҳазор омӯзгор аз имтиёз бархӯрдоранд. Кадом имтиёзҳо?
Вазорати маориф ва илми кишвар иттилоъ медиҳад, ки дар соли 2022 беш аз 10 ҳазор омӯзгори муассисаҳои таҳсилоти миёнаи кишвар аз имтиёзҳое, ки Қонуни ҶТ “Дар бораи маориф” ба омӯзгорон додааст, бархӯрдор шудаанд.
Хайрзода Шукрулло — муовини вазири маориф ва илми кишвар имрӯз зимни нишасти матбуотӣ ба рӯзноманигорон гуфт, ки аз имтиёзҳое, ки қонун муайян кардааст, омӯзгорон бархӯрдоранд.
“Барои мисол, дар соли 2022-юм 318 омӯзгор ба андозаи 1 миллиону 800 ҳазор сомонӣ қарзҳои имтиёзнок гирифтаанд. Ин имтиёзро қонун ба омӯзгорон додааст. Ҳамчунин, танҳо дар соли 2022-юм 128 омӯзгор бо қитъаи замини наздиҳавлигӣ таъмин шудаанд”,- гуфт номбурда.
Ба гуфти Хайрзода, дар соли 2022-юм 19 251 омӯзгори ҷавон 10% иловапулӣ ба маошашон мегиранд, ки инро низ қонун муқаррар кардааст. “Илова бар ин, омӯзгорон аз баъзе андозҳо озоданд”,- афзуд ӯ.
Ин дар ҳолест, ки чанде аз омӯзгорон аз манотиқи гуногуни кишвар шикоят мекунанд, ки аз имтиёзҳо бархӯрдор нестанд. Дар ин авохир “Тоҷикистон” шикояти Эром Раҷабов ном омӯзгори ҷавони шаҳри Истаравшанро нашр карда буд, ки то ҳол Вазорати маориф ва илм ба он посух надодааст.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ