Ректори ДАТ: Донишҷӯёни хориҷӣ асосан аз Ӯзбекистон мебошанд

Дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур 314 нафар шаҳрвандони хориҷӣ таҳсил мекунанд, ки бештарашон аз Ҷумҳурии Ӯзбекистон мебошанд.

Дар ин бора ректори донишгоҳ, профессор Усмон Маҳмадёрзода зимни нишасти матбуотӣ иттилоъ дод ва афзуд, ки асосан муҳассилини хориҷӣ тариқи фосилавӣ таҳсил доранд.

“Мо ҳамкориро бо Ҷумҳурии Ӯзбекистон хуб ба роҳ мондаем. Ҳоло 309 шаҳрванди кишвари ҳамсоя дар Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ба таҳсил фаро гирифта шудаанд. Оянда мо ҳамкориро боз вусъат хоҳем дод”,- изҳор дошт ректор.  

Ба гуфтаи ректор, ҳоло донишгоҳ бо 125 ташкилоту муассисаҳои олии хориҷи кишвар шартномаи ҳамкорӣ дорад. Соли сипаришуда дар доираи созишномаҳои тарафайн аз муассисаҳои олии хориҷӣ ба донишгоҳ 90 меҳмон, аз ҷумла муовини Сарвазири Ҷумҳурии Ӯзбекистон, Президенти Ассотсиатсияи ҳамкориҳои ҷумҳуриҳои Осиёи Миёна, роҳбарони созмонҳои Каритаси Швейтсария, КIAT-и Корея, TIKA-и Туркия, Ҷамъияти ҳамкориҳои Олмон ва дигарон ба Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ташриф овардаанд.   

Аз ҷумла, соли гузашта ҳангоми сафари Президенти Ҷумҳурии Беларус Александр Лукашенко ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ва дар ҳошияи Форуми соҳибкорони ин ду кишвар Созишномаи ҳамкорӣ байни Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон ба номи Шириншоҳ Шоҳтемур ва Донишгоҳи миллии техникии Белорус ба имзо расонида шудааст.

Ректор иброз дошт, ки тибқи созишномаҳои басташуда 43 лексия вобаста ба мавзъҳои мубрами соҳа аз тарафи олимону омӯзгорони муасссисаҳои таълимию илмии шарикон хонда шуданд.

Инчунин, дар доираи ҳамкорӣ беш аз 70 устоди донишгоҳ ба кишварҳои хориҷӣ сафар намуда, дар ҳамоишҳои илмӣ  баромад намудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *