Донишгоҳи аграрӣ: Донишҷӯён ба хобгоҳ ва идрорпулӣ таъминанд

Дар бинои асосии Донишгоҳи аграрии Тоҷикистон нишасти хабарӣ баргузор гардид.

Усмон  Маҳмадёрзода, ректори донишгоҳ ба хабарнигорон иттилоъ дод, ки ҳоло дар донишгоҳ тибқи квотаи президентӣ 239 нафар таҳсил мекунанд. Соли 2020 ба донишгоҳ 37 нафар донишҷӯ тибқи квотаи президентӣ дохил шуданд.

Ректор дар нишаст қайд кард, ки дар донишгоҳ тамоми донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда бо хобгоҳ ва идрорпулӣ таъмин мебошанд.

Кӯмакҳои яквақтаи донишгоҳ ва садорати факултетҳо дар арафаи иду ҷашнҳо мунтазам ба ин донишҷӯён расонида мешавад.

Таҳлили дараҷаи донишандӯзии донишҷӯёни тибқи квотаи президентӣ таҳсилкунанда нишон медиҳад, ки нисбати дигар донишҷӯён онҳо хубтар таҳсил мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *