Афсари милиса аз Панҷакент дар Панҷ аз тири автомат ҳалок шуд

Меҳроншо ҳангоми супоридани аслиҳа ба амбори яроқ, вақте ки тирдони автоматро тафтиш мекард, тасодуфан тирро ба миёни худ задааст.

Ниҳодҳои қудратӣ иттилоъ додаанд, ки як афсари милисаи тоҷик дар натиҷаи як тасодуф дар ноҳияи Панҷ ба ҳалокат расидааст.

Як манбаъ аз ВКД 7-уми феврал гуфтааст, ки Меҳроншо Ҷумъаеви 25-сола ҳангоми супурдани аслиҳаи хидматӣ дар шуъбаи корҳои дохилии ноҳия ҷон додааст.

Ба гуфти шоҳидони ҳодиса, Меҳроншо ҳангоми супоридани аслиҳа ба амбори яроқ,  вақте ки тирдони автоматро тафтиш мекард, тасодуфан тирро ба миёни худ задааст.

Ӯ дар ҷойи ҳодиса ба ҳалокат расидааст. Як хеши Меҳроншо Ҷумъаев гуфтааст, ки ҳодиса соати чаҳори бомдоди 7-уми феврал рух додааст. Меҳроншо Ҷумъаев 7 моҳ пештар аз Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Ҷайҳун ба ноҳияи Панҷ ба кор гузашт ва унвони лейтенанти калони милисаро дошт. Афсари ҷавон сокини деҳаи Мадовраи ҷамоати деҳоти Рӯдакии шаҳри Панҷакент будааст. Барои таҳқиқи ҳодиса парванда боз кардаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *