Беш аз 40 млн доллар. Афзоиши тиҷорати Тоҷикистону Афғонистон баъди Толибон

Тиҷорат миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дар давраи ҳокимияти Толибон назар ба пеш бештар шудааст. Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон зимни нишасти матбуотӣ хабар дод, ки содироти моли Тоҷикистон ба Афғонистон дар ним соли гузашта ба 40 миллион доллар расид, ки назар ба ҳамин давраи соли гузашта 6 миллион доллар афзудааст.

Хизмати Толибон нест

Хуршед Каримзода, раиси Хадамоти гумруки Тоҷикистон рӯзи 13-уми июл гуфт, ки «асосан аз ҷумҳурии мо ба Афғонистон семент, ангишт ва баъзе маҳсулоти кишоварзӣ содирот мешавад. Як давра дар ҷумҳурии мо истеҳсоли тухм зиёд шуд. Ба онҷо тухм содирот мекарданд. Ҳамин хел молҳои гуногун ҳастанд».

Таҳлилгарон мегӯянд, ки афзоиши додугирифт миёни Тоҷикистон ва Афғонистон дастоварди ҳукумати Толибон нест. Ин бар он маъно аст, ки ниёзмандиҳои мардуми Афғонистон афзудааст ва тоҷирони афғон ҳамкорӣ бо ҳамтоёни худро тақвият додаанд.

Садриддин Муродов, таҳлилгари тоҷик ва корманди МТС мегӯяд, ки густариши савдо хизмати тоҷирон аст, на Толибон. «Ҳукумати Тоҷикистон бо Толибон савдо накарда истодааст. Ин ҷо ширкатҳо савдо доранд. Новобаста аз он ки дар Афғонистон кадом ҳукумат аст, ниёзҳои мардум боқӣ мондааст, бинобар ин, ширкатҳо фаъолият доранд. Рушди тиҷорат маънои ҳамкории Тоҷикистонро бо Толибон надорад”,- гуфт номбурда.

Бархе аз тоҷирон мегӯянд, ки Толибон барои тиҷорат ва омадурафти онҳо монеа эҷод намекунанд. Ҳамин аст, ки онҳо тиҷорати худро идома медиҳанд.

Афзоиши содироти барқ

Ҳамзамон, Тоҷикистон содироти барқро низ пас аз сари қудрат омадани Толибон дар Афғонистон бас накардааст. Ширкати «Брешно»-и Афғонистон барои барқи гирифтааш аз Тоҷикистон қарздор аст. Масъулони «Барқи тоҷик» мегӯянд, ки пардохтани қарзҳо аз ҷониби Афғонистон беҳтар шудааст.

Ба қавли раиси ширкати «Барқи тоҷик» Муҳаммадумар Асозода, «айни замон содироти барқ ба Афғонистон дар як шабонарӯз тақрибан 9 миллион киловатт/соатро ташкил медиҳад. “Ягон мушкил нест, хати интиқоли барқ дар ҳолати хуби корӣ аст. Барои қарордоди соли 2023, дар назар аст, моҳи декабр байни ширкати “Барқи тоҷик” ва ширкати “Брешно”-и Афғонистон гуфтушунид гузаронида шавад»,- гуфт номбурда зимни нишаст.

Дар Афғонистон як киловатт/соат барқи тоҷик аз 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) то 14 афғонӣ қимат дорад.

Дар ҳоли ҳозир вилояти Қундуз ба пуррагӣ ва вилоятҳои Тахор, Бағлон, Самангон ва дар ҳолатҳои хос шаҳри Кобул қисман аз барқи Тоҷикистон истифода мекунанд.

«Барқи Тоҷикистон ба ду роҳ — тиҷоратӣ ва раҳоишӣ ба мизоҷон фурӯхта мешавад. Бино ба ин, як киловатт/соат дар шаҳри Қундуз тариқи раҳоишӣ 4,38 афғонӣ (1 доллар = 85 афғонӣ) ва тиҷоратӣ — 11,5 афғонӣ ва хориҷ аз он дар шаҳристонҳои ин вилоят ва ҳам вилоятҳои Бағлону Самангон ва Кобул мутаносибан 7 ва 14 афғонӣ қимат дорад»,- хабар медиҳад ширкати “Брешно”.

Толибон тақрибан як сол мешавад, ки ҳокими Афғонистонанд, аммо то кунун ягон кишвари ҷаҳон ҳукумати онҳоро ба расмият нашинохтааст. Тоҷикистон тарафдори ҳукумати фарогир бо ҷойгоҳи шоистаи тоҷикон дар он кишвар аст.

Диловар ҚОДИРПУР, журналист

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *