Чор кишвар талабгори мизбонии мусобиқаанд

Конфедератсияи футболи Осиё (AFC) эълон кард, ки чор иттиҳодияи футбол барои баргузории бозиҳои ниҳоии Ҷоми Осиё-2023 изҳори ҳавасмандӣ кардаанд.

Пас аз даъвати AFC ба ҳамаи ассотсиатсияҳои узв барои баргузории финали Ҷоми Осиё-2023 ассотсиатсияҳои футболи Австралия, Индонезия, Кореяи Ҷанубӣ ва Қатар талабгори мизбонии Ҷоми Осиёр шудаанд.

То 31-уми август кишварҳо бояд барномаи кафолатро пешниҳод кунанд. Пас аз он маъмурияти AFC пеш аз интихоб ва эълони мизбони Ҷоми Осиё-2023 бо ширкати 24 даста баҳодиҳии умумии дархостҳоро баргузор мекунад. Қарор дар бораи кишвари мизбон дар ҷаласаи Кумитаи иҷроияи КФО рўзи 17-уми октябр қабул мешавад.

Дастаи мунтахаби Тоҷикистон бо роҳбарии мутахассиси хорватӣ Петр Сегрт барои нахустин бор дар таърихи худ ба марҳилаи финалии Ҷоми Осиё, ки аз 16-уми июн то 16-уми июли соли 2023 баргузор мешавад, роҳ ёфт. Ба ҷуз аз Тоҷикистон дастаҳои Ҷопон, Сурия, Қатар, Кореяи Ҷанубӣ, Австралия, Эрон, Арабистони Саудӣ, Аморати Араб, Чин, Ироқ, Уммон, Ветнам, Лубнон, Урдун, Фаластин, Ўзбекистон, Тайланд, Ҳиндустон, Ҳонконг, Баҳрайн, Малайзия, Қирғизистон ва Индонезия ҳам дар финали Ҷоми Осиё-2023 ширкат мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *