Бесоҳиб будем соҳибдор шудем
Дар деҳаи Гуддараи водии Вахон ҳангоми мулоқот бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Эмомали Раҳмон зане дар паҳлуям нишаста буд. У пайваста оби чашмонашро пок мекард ва дарун дарун мегирист. Садои навҳаи уро дар атроф нишастагон ҳис мекарданд. Ман оҳиста телефонро боло кардам ва ин лаҳзаро ба навор гирифтам.
— Чӣ ном доред? Пурсидам аз он зан.
— Ашурбегим Малибекова
— Чандсола ҳастед?
— Панҷоҳучор сола
— Фарзанд доред?
— Дорам. Панҷто.
Бо ин саволҳо хостам уро андаке ором созам. Чун ором шуд пурсидам:
— Чаро гиря мекунед?
— Ба дидораш расидам.
— Дидори кӣ?
— Ҷаноби Олӣ.
— У чи хидмате ба шумо кардааст?
— А, ту боз мегуӣ чи хизмат кардааст! Бесоҳиб будем соҳибдор шудем.
Ман дигар чизе напурсидам. Ҳаяҷон, хурсандӣ ва муҳаббати у аз ин дидор дар чашмонаш аён буд.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ