5 мошини оташнишонӣ сухтори Якачинорро хомӯш кард

Барои хомуш кардани сухторе, ки дар маҳаллаи Якачинори шаҳри Душанбе рух дода буд, панҷ  мошини оташнишонӣ ҳозир шуда, сухторро хомуш намудаанд.

Бар асоси иттилои хабарнигори мо сӯхтор тақрибан соатҳои 9 имрӯз рух дода,  масъулини сухторхомушкунӣ дар давоми ним соат сухторро хомуш кардаанд.

Гуфта мешавад, сухтор дар натиҷаи таркиши балони газ ба вуқуъ пайвастаат.

Сухтор хонаи истиқоматиро пурра хароб кардааст ва ҳоло масъули Расати сӯхторнишонӣ хисорот ё зарари сухторро маълум мекунанд.

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *