Безарарсозии 25 саг дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ
Дар ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ давоми ду моҳи сипаришуда 25 саг безарар карда шудааст. Ин ҳам дар ҳолест, ки дар ҳамин муддат 10 сокин аз саг зарар дидаанд.
Олимҷон Солеҳзода — директори Корхонаи фаръии давлатии “Хоҷагии манзиливу коммуналии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ” дар суҳбат бо Pressa.tj гуфт, ки дар якҷоягӣ бо ташкилоту идораҳои дахлдори ноҳия дар ду моҳ 25 саги бесоҳибу дайду безарар карда шудаанд.
Ӯ афзуд, ки “соли сипаришудаи 2022 бошад, 65 саг безарар карда шудааст. Сокинони ҷамоатҳои шаҳраку деҳот сагҳои хешро оварда дар маркази ноҳия мепартоянд. Сагҳои безарар кардаро дар партовгоҳи асосӣ бо риояи қоидаҳои безараркунӣ мегӯронем».
Баҳром Қурбонзода — мудири шуъбаи санитарии Маркази назорати давлатии санитарӣ ва эпидемиологии ноҳияи Абдураҳмони Ҷомӣ афзуд, ки дар ду моҳ даҳ сокин аз саг зарар дидаанд. “Дар соли 2022-юм бошад, 56 нафар аз саг осеб дида буданд”,- мегӯяд вай.
Машраби АЛОВИДДИН
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ