сайёҳӣ

Сайёҳон дар Душанбе соҳиби марказ шуданд

Дар шаҳри Душанбе барои сайёҳони хориҷӣ маркази иттилоотӣ ифтитоҳ ёфт.

Ин марказ бо ташаббуси Раёсати экология ва сайёҳии Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон дар ҳамдастӣ бо ширкати сайёҳии “Диёр Тревел” барои сайёҳони хориҷӣ таъсис ёфтааст.

Дар инҷо ба сайёҳони хориҷӣ дар бораи Тоҷикистон, фарҳангу таърих ва расму оинҳои кишвар маълумоти муфассал дода хоҳад шуд.

Марказ бо таҷҳизоти муосир ва технологияҳои пешрафта таъмин аст. Он аз кабинети иттилоотӣ ва 3 ҳуҷра барои иқомати муваққатӣ иборат буда, ба сайёҳон мошинҳои қулай барои ҳамагуна сафар, нуқтаи мубодилаи асъор, Wi-Fi, нуқтаи пур кардани тавозуни алоқаи мобилӣ ва интернет пешниҳод мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *