“Амонатбонк” тағйири ном кард

Дар асоси қарори Ҳукумати Тоҷикистон номи Бонки давлатии амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” ба Корхонаи воҳиди давлатӣ (КВД)-и “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” иваз карда шуд.

Инчунин, Шӯрои нозирони бонк таъсис ва ҳайати он тасдиқ гардидааст. Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон Дар бораи шӯрои нозирони Корхонаи воҳиди давлатии “Бонки амонатгузории Ҷумҳурии Тоҷикистон “Амонатбонк” бо ҷорӣ намудани асосҳои идоракунии корпоративӣ дар фаъолияти корхонаҳои давлатӣ ва ташкили шӯроҳои нозирон дар онҳо барои таъмини назорат ва шаффофияти фаъолияти молиявию хоҷагидории корхонаҳои воҳиди давлатӣ ва ғайра таҳия гардидааст.

“Лоиҳаи қарори Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон таъсири бевоситаи худро дар раддабандии байналмилалии Тоҷикистон расонида, на танҳо вазъи ҷории молиявӣ, миқдори сармоя ва маблағи қарзӣ, балки фаъолияти ояндаи молиявии ташкилоти қарзиро фарогир мебошад”,- таъкид шудааст дар ҷаласаи ахири Ҳукумати кишвар.

Ба таври содда, ин тағйирот шароитро барои назорат аз болои фаъолияти молиявию хоҷагидории бонк беҳтар намуда, шаффофияти онро таъмин мекунад. Ҳоло “Амонатбонк” яке аз калонтарин бонкҳои низомсози Тоҷикистон ба ҳисоб меравад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *