Бибии наберафурӯш дастгир шуд
Пулиси шаҳри Ӯши Қирғизистон зани 59-солаеро боздошт кард, ки мехост, набераашро бифурӯшад.
Бино бар иттилои мақомот, 22 март ӯро баъди гирифтани маблағ боздошт карданд. Вай набераашро, ки ҳанӯз якмоҳа нест, ба манзили харидорон оварда, онҷо гузоштааст.
Тифлро мақомот ба ихтиёри парасторони махсус супориданд. Аз рӯи ин ҳодиса парванда боз шуда, пажуҳиш идома дорад.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ