Эмомалӣ Раҳмон бо Анҷей Себастян Дуда мулоқот кард

Раиси ҷумҳури Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон шаби 26-уми март бо президенти Лаҳистон (Полша) Анҷей Себастян Дуда, ки дар роҳи бозгашт аз Афғонистон дар Фурудгоҳи байналмилалии Душанбе таваққуфи кутоҳи транзити кард, мулоқот намуд. Ба иттилои дафтари матбуоти раёсати ҷумҳури Тоҷикистон, Эмомалӣ Раҳмон ва Анҷей Себастян Дуда дар ин мулоқот роҷеъ ба равобити ду кишвар суҳбат намуда, дар бораи масоили муҳими минтақавӣ ва байналмилалӣ табодули афкор намуданд.

Раиси ҷумҳури Лаҳистони дар ин сафари худ ба Афғонистон бо мақомоти он кишвар, аз ҷумла Абдуллоҳ Абдуллоҳ, раиси иҷроияи ҳукумати ваҳдати миллӣ мулоқот анҷом додааст. Оқои Дуда дар мулоқот бо мақомоти афғон ба афзоиши нерӯҳои низомии он кишвар дар қолаби нерӯҳои НАТО ва ҳамчунин идомаи кӯмакҳо дар арсаҳои низомӣ ва сиёсӣ ба мардум ва ҳукумати Афғонистон таъкид кардааст.

Давоми маъмурияти чандсолаи нерӯҳои Лаҳистон дар Афғонистон 44 низомии ин кишвар ба ҳалокат расида, 361 тани дигари онҳо захмӣ ва беш аз 850 тани дигар осеб дидаанд. Дар ҳоли ҳозир 250 тан аз сарбозон ва нерӯҳои низомии Лаҳистон дар чаҳорчӯбаи нерӯҳои НАТО ба нерӯҳои мусаллаҳи Афғонистон кӯмак мекунанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *