Бибии наберакуш ҷузъиёти кушторро нақл намуд (Видео)

Вазорати корҳои дохилии Тоҷикистон гузориши видеоӣ дар бораи қатли бераҳмонаи набераи сесола аз ҷониби бибиашро нашр кард. Ҳоҷарой Ашӯрова дар ин гузориш эътироф мекунад, ки Беҳрӯзро ба далели муноқишаҳое, ки бо волидони ин кӯдак дошт, куштааст. Ӯ дар пеши дурбини камера нишон медиҳад, ки чигуна Беҳрӯзро аввал таги обу лой кард ва вақте дид, ки кӯдак ҳанӯз ҳам зинда аст, ӯро зери хок кард. Баъди бозгашт ба хона Ҳоҷарой Ашӯрова дурӯғ гуфтааст, ки гӯё Беҳрӯз дар об афтод. Ҷасади нимпораи Беҳрӯзро баъди 6 рӯз ёфтанд

Подполковник Офоқи Қодириён, сухангӯи раёсати корҳои дохилии вилояти Хатлон дар гузорише, ки дар барномаи «Милитсия ва ҷомеа” нашр шуд, бо як лаҳни пурсӯз ҷузъиёти қатли гӯшношунидро қисса мекунад. Офоқи Қодириён мегӯяд, то ҳол кам касе бовараш меояд, ки модаркалон битавонад набераи худро, ки ширинтарин ҳадяи зиндагӣ барои падару модараш буд, бо дасти худ ва бо чунин бераҳмии махсус зинда ба зинда зери хок бикунад.

Ҷасади Беҳрӯз Ашӯров, соли таваллудаш 2015, аз деҳаи Навободи ҷамоати Ифтихори ноҳияи Абдураҳмони Ҷомии вилояти Хатлонро рӯзи 18 сентябр аз як ҷӯйи обгузар пайдо карданд.

Бо иттиҳоми қатли бераҳмонаи ин кӯдак ягон одами бегона не, балки бибии ӯ Ҳоҷарой Ашӯрова, соли таваллудаш 1960 дастгир шудааст.

Ба гуфтаи мақомот, Ҳоҷарой Ашӯрова рӯзи 12 сентябр набераашро барои назди момо (табиби халқӣ) бурдан бо худ мегирад. Бибӣ баъди чанд соат ба хона баргашт, вале бидуни Беҳрӯз. Ӯ ба модари кӯдак мегӯяд, ки Беҳрӯз аз дасташ ба об афтод.

Хешу табор ва сокинони Навободу деҳаҳои атроф чанд рӯз аз кӯлу каналу дарё Беҳрӯзро кофтанд, вале ҷасади ӯро рӯзи 18 сентябр як подабон аз деҳаи ҳамсоя аз як ҷӯйи обгузар дар даруни хоку лой пайдо кард.

Дар ин шаш рӯз сагони дайду ҷасади кӯдакро хеле хоида буданд ва ба гуфтаи шоҳидон, бархе аъзои бадани Беҳрӯз пора-пора шуда буд.

Офоқи Қодириён мегӯяд,”дар рафти тафтиш муайян карда шуд, ки Ашӯрова Ҳоҷарой бо як бераҳмии махсус, ки хоси одамизод нест, нахуст кӯдакро ба ҷарӣ бурда, зери обу лой чанд дақиқа нигоҳ медорад. Сипас ҷисми ҳанӯз зиндаи ӯро зери хок мекунад.

Дар гузориш Ҳоҷарой Ашӯрова нишон медиҳад, ки чӣ хел набераашро бо дастони худ зери обу лой нигоҳ медошт ва чӣ гуна кӯдаки оҷизи ҳамагӣ сесола ва ҳанӯз зиндаро зери хок кард.

Ҳоҷарой Ашӯрова дар гузориш сабаби ин ҷинояти мудҳишашро дар муноқишаҳо ва беэҳтиромии писару келинаш нисбат ба ӯ номид ва гуфт, бо куштани кӯдак мехост аз писару келинаш ниқори худро бигирад: «Ба сари ман дӯғ мезаданд, пӯписа мекарданд. Ман Беҳрӯзро гирифтам, таги обу лояш кардам. Дидам, ки арқааш метобад. Боз гирифтам хоку лой рехтам, ки натобад. Зинда ба зинда гӯраш кардам.

Додситонии ноҳияи Ҷомӣ нисбат ба Ашӯрова Ҳоҷарой бар асоси моддаи 104 бо иттиҳоми куштори кӯдаки ноболиғе, ки дар ҳолати оҷизӣ қарор дошт, парвандаи ҷиноятӣ оғоз кардаанд. Ба ӯ бар асоси қисми дуюми моддаи 104 ҳамчун ҷазо аз 15 то 25 соли зиндон ваё ҳукми зиндони умрбод таҳдид мекунад.

Бознашр аз Ахбор

 

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

3 шарҳ вуҷуд дорад

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *