Марги 7 нафар аз як оила дар садама

Дар Лахш садамаи пурфоҷеаи рух дод. Дар Шуъбаи корҳои дохилии ноҳияи Лахш ё Ҷиргатоли собиқ рӯзи 1 октябр гуфтаанд, ки оилаи Шараповҳо шомгоҳ аз картошкачинӣ бармегаштанд, ки ба фалокат дучор шуданд.

Ҳодиса соати 22:10 дақиқаи 30 сентябр рух дод. Фарзияи пешакӣ ин аст, ки ронандаи ЗИЛ Сунатулло Юсупов аз уҳдаи идораи нақлиёти боркаш набаромада, ба сой фурӯ рафтааст.“Оилаи Шараповҳо барои картошкачинӣ ба ҳашар рафта буданд ва баъди кор бармегаштанд, ки нақлиёташон ба сой афтод”, хабар додааст намояндаи ШКД Лахш. Дар ин ҳодиса ҳафт узви оилаи Шараповҳо, аз ҷумла Темурбой, Садриддин, Гулзира, Рухшона, Вазира ва Шарапов Нурмат ҷон додаанд. Онҳо аз 4-сола то 45-сола будаанд. Дар ин ҳодиса ҳамчунин панҷ нафари дигар захмӣ шудаанд, ки аз онҳо вазъи саломатии ду нафарашон вазнин гуфта мешавад. Ронандаи захмӣ  Суннатулло Юсупов низ дар беморхона бистарӣ мебошад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *