билет

Билет дуруст аст ё чипта?

Билет ба тоҷикӣ ҳамон билет бимонад, беҳтар аст. Кадом шахси «олимнамо»-и камдониш вожаи «чипта»-ро дар охирҳои замони шӯравӣ ва пас аз пошхӯрии он аз кадом бортӯдае пайдо карда, вориди луғат кардааст, ки комилан ғалат аст.

Аз нигоҳи сотсиолингвистика ва психолингвистика вожаи «чипта» ҳеҷ тасаввуре (association) дар зеҳну ёди як тоҷикзабон/форсизабон эҷод намекунад. Беҳтар аст ин вожаи ғариб аз забон пок шавад ва ҳамон вожаи байналмилалии фаронсавии билет (billet) дар ҷои худаш биистад. Русҳо, ки забони худро бузургтарин забон дар ҷаҳон медонанд, аз фаронсавӣ ин вожаро иқтибос карданд. Дар баъзе минтақаҳо халта ё ҷуволро чипта мегӯянд. Чӣ гуна халта ҷои билетро гирифтааст, ман дар шигифтам.

Уребча памперс аст?

Ба ҳамин монанд вожаи уребча, ки ба ҳеҷ ваҷҳ маънои памперси кӯдакро (diaper, pampers) намерасонад. Вале хушбахтона, ин вожаи ғализи уребча ҷо наафтод ва ҳама памперс мегӯянд, ки худ гувоҳи корбурди ғалати ин дурӯғвожа аст. Барои памперс дар Эрон пӯшаки навзод мегӯянд, ки беҳтар аз уребча аст. Яке аз дӯстон вожаи маъмули тоҷикӣ — фархакро пешниҳод кард, иддае ҳам обчинаку намгирак, гандғундор, гандгирак пешниҳод намуданд. Муҳтарам Зулфониён — корманди Кумитаи истилоҳот зеробчинакро пешниҳод намуд. Дӯстон ба ман гуфтанд, ки уребча вожаи маъмул дар Истаравшан аст. Ба гуфтаи дӯстон, дар он ҷо арақчини сарро ба шакли уреб ба гирди сар мебанданд ва онро уребча мегӯянд. Вале вожаи уреб дар забони мӯйсафедон дар ҳама минтақаҳои Тоҷикистон пештар ба кор мерафт, ба маънои каҷ ва хати каҷ ва пайроҳаи каҷ бар фарози куҳ. Ҳанӯз ҳам дар забони наслҳои миёнсол вуҷуд дорад.

Баҳриддини АЛАВӢ, номзади илми филология

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *