Вагнер

Қабристони “Вагнер”. Тоҷикон ҳам дар он дафн шудаанд…

Дар вилояти Маскав қабристони наверо ёфтанд, ки ба ширкати хусусии низомии “Вагнер” тааллуқ дорад. Дар онҷо маҳбусони кушташуда дар ҷанги Украина, аз ҷумла чанд зодаи Осиёи Марказиро дафн кардаанд. Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ навишт, ки номи чанд шаҳрванди Ӯзбекистону Тоҷикистон ва Қирғизистонро ёфт.

Қабристони нав дар деҳаи «Маврин»-и ноҳияи Шелковский ҷойгир аст. Дар санги болои гӯрҳо ному насаби ҳалокшудаҳоро навиштаанд. Ҳамаашон мард ҳастанд ва дар миёнаҳои моҳи октябри соли 2022 ва январи соли 2023 дар ҷанги Украина кушта шудаанд.

Ному насаби баъзе аз онҳо чунин аст:

Саидов Муродбег Султонбегович (05.04.1986 — 27.11.2022);

Айдаралиев Амон (27.08.1982 — 24.10.2022);

Ҷонибеков Баҳодур Буранович (19.08.1977 — 11.01.2023);

Ғуломҷонов Адҳамҷон Луқмонҷонович (16.09.1994 — 19.11.2022);

Авазов Эркин (20.12.1967 — 01.12.2022);

Юсупов Шуҳрат Одилҷонович (07.04.1978 — 23.12.2022).

Бахши ӯзбекии Радиои Озодӣ рӯзи 24-уми феврал навишт, ки шахсияти баъзе аз инҳоро дақиқ кард. Ба иттилои манбаъ, Муродбег Саидов 37-сола ва аз Тоҷикистон будааст. То имрӯз номи 14 нафар зиндонии тоҷик расонаӣ шудааст, ки дар ҷангҳои Русияву Украина кушта шудаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *