шир

Шир ҳам қиммат шуд. Боз навбати чӣ?

Дар Ҳиндустон вақте ки як ҷавон аз нигоҳи фикрию ҷисмӣ ба каме мушкилӣ дучор мешавад, таънаомез мегӯянд, ки «Модарат дар кӯдакиат ширу асалу бодомат надодааст!?».

Агар аз нигоҳи тиб гирем, гуфтаи ҳиндуҳо хеле ба ҳақиқат наздик аст. Зеро як вақт назди духтур рафтаму аз фаромӯшхотирӣ шикоят кардам. Табиб дорухате навишт ва пурсид, ки аз донагиҳо чӣ мехӯред? Гуфтам, ки гоҳо лӯбиёву мошу нахӯд. Гуфт, ки манзурам пиставу бодом аст. Бо ханда гуфтам, ки нархи пиставу бодом аз сад сомонӣ болост ва чормағз бошад, то 30 сомонӣ… Гуфт, ки модоме чунин чизҳоро намехӯред, чаро аз фаромӯшхотирӣ ҳарф мезанед? Дорухатро маҷақ карду партофт ва ба ҷояш шир, мавиз, пиставу бодому чормағз тавсия дод…

Имрӯз бо дидани нархи шир, ки ба 9 сомонӣ расидааст, ба худ суол кардам: ягона чизе, ки ғизои аввалиндараҷа ба ҳисоб мераваду мардум онро ба хотири қувватнокии калсиву сафеда доштанаш мехаранду истеъмол мекунанд, ширу тухм аст ва инҳо ҳам рӯз аз рӯз қиммат шуда истодаанду сокинон ба қадри имкон харидорӣ карда наметавонанд, пас, чунин ғизоро аз куҷо гиранд?

Заноне, ки ҳомилаанду бо тавсияи табибон истеъмоли ширу тухм пайваста ба онҳо зарурӣ дониста мешавад, оё бо чунин қимат имкони харидории ҳаррӯзаи онро доранд, то истеъмол кунанду фарзандони солиму қобили тафаккур ба дунё оранд?

Ва ё як наврас ғизоҳоеро, ки барои рушд додани ҷисму тафаккури инсонӣ, ба мисли ширу тухм лозим асту имкони дастрасӣ ба истеъмоли онро кам дорад ва ба синни ҷавонӣ мерасаду вуҷудаш аз камтарин витаминҳо ва ё таъомҳои солим холӣ аст, чӣ гуна метавонад солимона ва андешамандона барои ояндаи миллат хидмат кунад?

Дар мавриди нархи пиставу бодому мавизу чормағз ҷойи гап нест!

Ҷамолиддин Фахриддин, сокини шаҳри Душанбе

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *