Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Саидмукаррам АБДУЛҚОДИРЗОДА, раиси Шӯрои уламои Тоҷикистон

— Дар ягон китоби муътабари исломӣ, динӣ ё мазҳабӣ, хусусан мазҳаби Имом Абӯ Ҳанифа идгардак зикр нашудааст, ки дар рӯзи ид кӯдакон дар даст халтаҳо гирифта, гуруҳ-гуруҳ ба хонаҳо бигарданд.

— Пас, гуфтаниед, ки идгардаки кӯдакон ба талбандагӣ монанд мешавад?

Қурбоналӣ ЮСУФОВ, раиси ноҳияи Вахш

— Музди меҳнат ва нафақа сари вақт пардохт гардида, вобаста ба маоши кормандони соҳаи буҷетӣ ва нафақа дар ноҳия қарздорӣ вуҷуд надорад.

— Э, офарин раис! Дар ҳоле, ки баъзе ноҳияҳо дар бораи аз кор мондани бисёр корхонаҳояшон хабар медиҳанд, ба роҳбарияти ноҳияи Вахш ягон ҷоиза додан лозим…

Беҳрӯз СУЛТОНОВ, муассиси Qonun.tj дар Instagram

— Аз сабаби паст будани маърифати ҳуқуқӣ мардум барои ҳар нофаҳмияшон ҳам пул ва ҳам вақт харҷ мекунанд, вале ин корро мо имкон дорем ройгон ва бо сарфи вақти кам иҷро кунем.

— Агар махфӣ набошад, барои ҳамин коре, ки ройгон иҷро мекунед, ягон грант — прант намегиред?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *