Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Сулаймон ДАВЛАТЗОДА, раиси Кумитаи дини Тоҷикистон
— Дар бархе кишварҳо шартномаи миёни зану шавҳар ҳатмӣ аст… Табиати инсон ҳамин аст, агар аз виҷдон натарсад, аз қонун бояд тарсад. Аз ин хотир, як барномаи ҳамаҷониба бояд таҳия шавад.
— Ҳаҳаҳаҳ, парадокси олӣ: агар аз виҷдон натарсад, аз қонун бояд тарсад… Пас, мавқеи виҷдон дар сатҳи хеле паст қарор доштааст…
Ғазалшоҳ САФАРЗОДА, сардори Раёсати маорифи вилояти Хатлон
— Барои ба кор қабул кардани 600 омӯзгор муроҷиат шудааст. Аксари онҳо омӯзгороне ҳастанд, ки тарки соҳа кардаву ба муҳоҷират рафта буданд.
— Беҳтарин хабари хушҳолкунанда! Урра! Аммо, рафиқ сардор, хеле ҷолиб аст донем, ки барои аз кор рафтани чанд омӯзгор ба шумо муроҷиат шуда бошад?
Муҳаммадсаид ЗУВАЙДЗОДА, раиси Кумитаи меъморӣ ва сохтмон
— Нархи хонаҳои мо дар муқоиса бо дигар давлатҳо пасттарин аст ва кумита низ ҳаракат намуда истодааст, ки ҳангоми таҳияи лоиҳаҳо ба инобат гирифта шавад, то ба мардум дастрас бошад.
— Ҳммм, арзиши миёнаи 1 метри мураббаъ хона 4 ҳазору 170 сомонӣ! Арзонак! Як аз вазири меҳнат пурсед ку, ҷаноби раис, маоши миёнаи мо дар муқоиса бо дигар давлатҳо чӣ хел бошад?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ