Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Саттор ТУРСУН, Нависандаи халқии Тоҷикистон

— Муқоиса кунед, ки мо имрӯз чӣ қадар китоб мехонем ва чӣ қадар сақич мехарем. Пас мо бо ин аҳвол куҷо меравем? Мо бояд мағозаҳои хуби китобфурӯшӣ дошта бошем.

— Аллакай муқоиса кардем, устод! Як чизро мушоҳида кардем: Шумо инашро ба назар нагирифтед, ки ба замми сақич, чӣ қадар пуфак мехарем…

Наврӯз ТОҲИРЗОДА, прокурори гарнизони ҳарбии Бохтар

— Пешбинӣ кардани ҷазо барои сабти иҳотагарӣ лозим нест. Мо дар давлати демократӣ зиндагӣ мекунем ва бояд барои сабти қонуншиканӣ ва пешниҳоди он ҷавобгарӣ пешбинӣ нашавад.

— Рафиқ прокурор, кор дар гарнизони ҳарбӣ ба дилатон задааст чӣ? Ё боварӣ доред, ки парлумон лоиҳаи пешниҳоднамудаи Вазорати мудофиаро қабул намекунад?

Иброҳим РУСТАМОВ, муҳаққиқи намоёни тоҷик

— Агар ба таҳсилоти ибтидоӣ ва миёна нигарем, дар Амрико бештар ба тарзи хондану навиштани хонанда аҳамият дода мешавад. Дар ҳоле, ки дар кишвари мо бештар фанҳоро меомӯзонанд.

— Агар таҳсилоти ибтидоиву миёнаи Амрикоро ба Тоҷикистон кӯчонем, хонандаҳоямон шояд фақат афсонаву қисса хонанд. Барои ҳамин, беҳтараш фанҳоро омӯзанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *