Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Камол НАСРУЛЛО, Шоири халқии Тоҷикистон
— Ҳатто он миллатҳову халқҳое, ки дар таърих хеле баъдтар аз мо соҳиби тамаддун шуданд, имрӯз ба хурофот ва мардуми хурофотӣ бо истеҳзо менигаранд.
— Парво накунед, ҳоло ҳама фолбину сеҳргаронро якборӣ ҷарима кунанд, мо боз аз он миллату халқҳо пеш мегузарему ба мардуми хурофотӣ бо истеҳзо менигарем.
Парвиз ПӮЛОДӢ, ҳунарманди тоҷик
— Ҳангоми наворбардории филми “Ҷӯра шикорчӣ” дар яке аз саҳнаҳои умумӣ иштирок намуда будам. Фикр мекунам, таъсири ҳамин омилҳо буд, ки ман роҳи санъатро пеша кардам.
— Мебинед, ки баъди ин гуфтаи шумо “Тоҷикфилм” филмҳои аз “Ҷӯра шикорчӣ” зӯртар наворбардорӣ мекунад ва шумораи роҳравони ҷодаи санъат меафзояд.
Муҳаммад ҒАНИЗОДА, донишҷӯи Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
— Ман шахсан тарафдори онам, ки бештар аз китобҳои чопӣ истифода барем. Зеро онҳо ба саломатӣ безараранд ва ҳангоми хондан диққати мо дар як ҷо ҷамъ мешавад.
— Гапатон сад фоиз дуруст. Агар китоб хонем, ба саломатиямон ягон зарар намерасад. Аммо, агар…
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ