Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Мирзоҳусайн БАДАЛИПУР, устоди Донишгоҳи миллии Тоҷикистон
— Ҳадафи офариниши инсон ҳикмати хос дорад. Ҳар яки моро Офаридгор халқ кард, то ки корҳоеро анҷом бидиҳем. Яъне нафаре муаллим бошад, дигаре муҳандис, саввумӣ табибу чаҳорумӣ усто.
— Боз нафарони дузду ғару ғоратгар, қаллобу ҷаллоб ҳам кам нестанд. Оё ин тоифа ҳам дар доираи ҳадафи офариниши инсон ягон ҳикмати хос доранд?
Дилором ТОАТОВА, омӯзгори тоҷики муқими Русия
— Бо чанд нафар падару модарони тоҷики муқими шаҳри Калуга маслиҳат намудаву ният дорем, ки барои мустаҳкам намудани хештаншиносии фарзандонамон маҳфили омӯзишии “Забон ва адабиёти тоҷик”-ро роҳандозӣ кунем.
— Як бало карда, маҳфили омӯзишии “Забони русӣ”-ро ҳам роҳандозӣ намоед, барои Вазорати маориф ва илми мо дастгирии хубе мешавад.
ШОН MC, рэпсарои маъруфи тоҷик
— Журналистонеро мебинам, ки дар гузашта рэпсароҳоро бад мегуфтанд, аммо имрӯз худашон дар “Ютуб” саҳифа кушодаву аз онҳо ёрӣ мехоҳанд. Яъне, барои манфиати шахсӣ аз мавқеашон даст кашиданд.
— Аз тарзи сухан гуфтанатон маълум, ки онҳоро аз наздик мешиносед. Лутф карда, ду-се нафарашро номбар намекунед, то мо ҳам донему дар шинохташон дарнамонем?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ