Нигаронии Антонио Рюдигер аз тасмими соҳибмулкони “Челси”

Футболбози бошгоҳи “Реал Мадрид” Антонио Рюдигер доир ба барканор кардани Томас Тухел аз ҷониби соҳибмулкони дастаи “Челси” дар як мусоҳибааш изҳори нигаронӣ кард.

Аз ҷумла, футболбоз дар мусоҳиба мегӯяд: “Соҳибмулкони бошгоҳи “Челси” аввал бо хости Тухел кор карданд, бозигароне, ки ӯ мехост, хариданд ва баъдан яку якбора ӯро аз вазифа барканор намуданд. То ҳол ман аз ин тасмими онҳо дар ҳайратам ва инро дарк намекунаму роҳи ҳалашро фаҳмида наметавонам”.

Дар идома ӯ қайд мекунад, ки рӯзи аз вазифа гирифтани Тухел рӯзи аламовар барояш буда, рӯзи аз вазифа гирифтани Томас бо ӯ тамос гирифта, миннатдорӣ намудааст. — Ӯ ҳангоми мураббии даста буданаш ҳама корро кард. Дастаро аз вазъияти душвор баровард ва дастаро қаҳрамон кард,- илова мекунад Антонио Рюдигер.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *