Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Зарина ИБОДЗОДА, ректори Донишкадаи тиббӣ-иҷтимоии Тоҷикистон

— Ҷиҳати ба донишкада бештар ҷалб кардани духтарони маҳаллӣ раёсати донишкада дар шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ ва бо васоити ахбори омма корҳои фаҳмондадиҳиро ба роҳ монда истодаанд.

— Чунин корҳо мушоҳида намешаванд ку! Ё мо намедонем? Агар айби мост, пас мегуфтед, ки ҳоло дар донишкада чанд нафар духтарони маҳаллӣ таҳсил мекунанд?

Исматулло РАҲИМОВ, донишҷӯи Донишгоҳи политехникии Гонконг

— Агар донишҷӯе ба донишҷӯи дигар бар ивази навиштани рисолаи худ ҳаққи хизмат пешниҳод кунад, вай ба устоди фаннӣ шикоят мекунад.

— Беҳтарин амал ҷорӣ шудааст. Аммо агар устоди фаннӣ ба донишҷӯ бар ивази навиштани рисола ҳаққи хизмат пешниҳод кунад, донишҷӯ ба куҷо муроҷиат мекунад?

Малика АЛИМБОЕВА, корманди ҶСК “Бонки Эсхата”:

— Узви тими “Эсхата” будан — ин як ифтихор аст. Фаъолият бурдан дар бонки пешсаф, дар бонки низомсозе, ки дар тамоми миқёси ҷумҳуриямон ба ҳазорон нафар мизоҷон ҳамарӯза хизматрасонӣ мекунад…

— Шояд ин бонки “низомсоз” ҳамарӯза ба ҳазорҳо мизоҷон хизматрасонӣ кунад, аммо дигар бонкҳо чӣ кор мекунанд? “Низомсозӣ” магар хоси Бонки миллӣ нест?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *