Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Алишер ПӮЛОТЗОДА, директори КДФ «Обтаъминкунӣ ва канализатсияи шаҳри Панҷакент»
— Бисёр муштариён аз оби нӯшокӣ дар рӯзгор хуб истифода бурда, вале мутаассифона, маблағро ҳар моҳ пардохт накарда истодаанд. Дар ин самт корбарӣ намуда истодаем.
— Дар ҷараёни корбариятон ҳатман дақиқ кунед, ки оё ҳамаи муштариён воқеан бо об таъминанд, ё ҷумакҳои обрезашонро занг хӯрдааст!?
Мадина НАЗАРОВА, наттоқ, ҳуқуқшинос ва тоҷир
— Пешаи рӯзноманигорӣ имкон фароҳам меорад, ки ҳамчун чеҳраи шинохта либосҳои мағозаамро ба бар намуда, расм гирам ва муаррифӣ созам. Дар ин самт модел лозим намешавад.
— Баъзан бо тақозои пешаи рӯзноманигорӣ мақолаҳои таблиғотӣ ҳам нависед. Ба хотири ҳамкасбӣ, мағозаатонро бо тахфиф таблиғ мекунем.
Мусо ВИСТОҚАДАМОВ, варзишгари муҳорибаи омехта, самбо ва ҷудо
— Ҳар як ғолибият зинаи навбатӣ дар самти ҳадафҳои бузург аст. Дар ягон ҳолат ман ҳарифамро бо чашми кам нанигаристаам. Зиёд машқ мекунам ва омодагӣ мебинам.
— Омодагӣ диданатон бисёр хуб асту маълум мешавад, ки аз ҳариф кам-кам тарсидаву ба худ пурра боварӣ надоштаед.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ