Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Давлатманд ХОЛОВ, Ҳунарпешаи мардумии Тоҷикистон
— Мардум дар гузашта аз тангдастиву мушкилӣ фарёд мекашиданд. Ҳоло замони он фаро расидааст, ки фалак оҳанги руҳафзо ҳам дошта бошад. Имрӯз мо на танҳо аз дарду ғаму фироқ сароем, балки фалаки шодиёнаро низ бояд хонем.
— Фалаки шодиёнааш ҳамон рэп мешавад-дия! Бо ин тавсияатон коре мекунед, ки фалаксароён ҳам ба рэп рӯй меоранд.
Додарҷон ҶОБИРЗОДА, раиси ноҳияи Нуробод
— Дар ноҳия 4 корхонаи саноативу истеҳсолӣ, аз ҷумла коркарди шир ва маҳсулоти ширӣ, хишти пухта, сангу шағал ва хишти сементӣ аз ҳисоби ашёи хоми маҳаллӣ вобаста ба мавсим фаъолият менамоянд.
— Наход дар як ноҳия ҳадди ақал шир ёфт нашавад, ки корхонааш ба таври мавсимӣ фаъолият барад? Ё говҳои шумо мавсимӣ гӯсола меоранд?
Маҳмудҷон МУҚИМОВ, дӯстдори варзиш ва ҳунарҳои миллӣ
— Барои хонаам як мавҷгири параболӣ харида, барои насб усторо даъват намуда, ба ӯ 50 доллар додам. Аммо ҳеҷ намехост, ки ман чӣ тавр васл кардани ӯро бинам. Усто корашро анҷом дод ва зуд рафт.
— Ҳамин хел, зуд меравад. Чӣ, мехостед, ки усто бо ҳамон 50 доллар нозукии насби мавҷгирро ҳам ба шумо омӯзонад?
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ