Гирифтани патент осон шуд?

Байни Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Тоҷикистон ва Корхонаи воҳиди давлатии федералии “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и Вазорати корҳои дохилии Русия Ёддошти тафоҳум ба имзо расид.

Санади мазкур ахиран пас аз вохӯрии муовини вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ Шаҳноза Нодирӣ бо муовини директори генералии КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид”-и ВКД-и Русия ба имзо расидааст.

Зикр гардидааст, ки таъсиси намояндагии КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид” дар Тоҷикистон ба шаҳрвандони кишвар барои гузаштани бақайдгирии изи ангушт ва гирифтани патент ҷиҳати амалӣ намудани фаъолияти меҳнатӣ, шаҳодатнома оид ба донистани забони русӣ ва асосҳои қонунгузории Русия пеш аз сафар ба ин кишвар мусоидат менамояд.

Гуфта мешавад, ки ин вохӯрӣ бо мақсади роҳандозии ҳамкорӣ барои баррасии имкониятҳои таъсиси намояндагии “Хадамоти шиноснома ва раводид” баргузор шудааст. Инчунин, зимни вохӯрӣ масъалаҳои рушди минбаъдаи ҳамкориҳо дар соҳаи муҳоҷират, мусоидат ба рушди муносибатҳои дуҷониба байни Хадамоти муҳоҷират, муассисаҳои давлатии “Марказҳои машваратӣ ва омодагии муҳоҷирони меҳнатӣ пеш аз сафар” дар шаҳри Душанбе, “Агентии бокортаъминкунӣ дар хориҷа” ва КВДФ “Хадамоти шиноснома ва раводид” баррасӣ гардидаанд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *