Бингар, ки кӣ мегӯяд…
Исломиддин ШАРИФХОНЗОДА, мудири маорифи ноҳияи Ёвон
— Тарбияи хонандагони ҷавобгӯ ба талаботи замони муосир ва мутобиқ ба меъёрҳои ҷаҳонӣ аз ҳадафҳои муҳиме ба шумор мераванд, ки бояд ба таври доимӣ дар маркази таваҷҷуҳи омӯзгорон қарор гиранд.
— Дуруст, сертаваҷҷуҳ бошед, то қазияи “писари директор” аз ноҳияи Фархор, ки омӯзгорро дашномҳои қабеҳ дод, дар шумо ҳам такрор нашавад.
Бароти АБДУРАҲМОН, Нависандаи халқии Тоҷикистон
— Ҳар касе, ки аз пешаи нависандагӣ сарватманду бой шудан мехоҳад, умедашро биканад. Нависандагӣ риёзати гарон, заҳмати сахту тоқатфарсо ва меҳнати душвору сангин аст, ки кас онро ихтиёран бар дӯш мекашад.
— Бо ин огоҳониятон чандин нависандашавро аз раъяшон мегардонед-дия, устод. О, монед дохил шаванд ба майдони нависандагӣ, баъд худашон мефаҳманд ҳама чизро.
Эҳсон АЪЗАМИЁН, нависандаи матни таронаҳо
— Вақте аз сароянда ё оҳангсоз фармоиш мегирам, ҳеҷ вақт барои як рӯз ваъда намедиҳам. Зеро кори бо шитоб баанҷомрасида на ҳамеша натиҷаи хуб дорад. Баъзан як таронаро дар як ҳафта менависам.
— Ҳоло ҳам хом будаед. Аз баъзе таронасароҳо бояд ибрат гиред, ки ҳар рӯз як тарона менависанду мефурӯшанд ва боз ба сарояндаҳои серҳаводор.
Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед Telegram, Facebook, Instagram, YouTube
Шарҳ