сари сабз

Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Саидҷаъфар УСМОНЗОДА, раиси Ҳизби демократи Тоҷикистон

— Мо борҳо истеъфои масъулини баландпояро дар парлумон талаб кардем. Аз ҷумла, дар як ҷаласа истеъфои собиқ раиси Бонки миллӣ Ҷамшед Нурмуҳаммадзодаро талаб кардем. Маҳз дар пайи шикояти мо ӯро аз вазифа сабукдӯш карданд.

— Шарт набудагист ҳамин ҳолатҳоро ошкор кардан, ҷаноби раис! Боз нашавад, ки ҳизби шуморо ҳамчун “ҳизби сархӯр” шиносанд?

Ширин АМОНЗОДА, собиқ вазири меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолӣ

— Бештари вақт дар хона ҳастам. Бояд гӯям, ки дар хона будан маънои бекориро надорад. Ба мутолиа машғулам. Ба китобхонаҳо сар мезанам, махзанҳои илмиро варақгардон мекунам, мехонам, менависам, пажуҳиш мебарам.

— Дуруст мегӯед, сад фоиз дуруст. Масалан, дар кор будан ҳам бисёр вақт маънои кор кардан ё серкор буданро надорад.

Аъзамҷон ДОДОҶОНОВ, рассом, гаҷкор ва ҳайкалтароши тоҷик

— Мо вақте ба Тунис рафтем, рассомони он ҷо дар рӯйи чарм тасвир мекарданд. Аммо дар рӯйи чарм тавсвир кардан нозукиҳои худро дорад. Масалан, агар чарм нағз коркард нашавад, бо мурури вақт кашиш хӯрда, тасвири рӯйи он тағйир меёбад.

— Ин баҳонаи воқеӣ ва ҷиддӣ шуда наметавонад. Шумо ҳам кӯшиш кунед, ки чарм нағз коркард шавад!

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *