Раҳмон Улмасов

Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Раҳмон УЛМАСОВ, доктори илми иқтисод, профессор

— Тоҷикистон ва Русия аз замонҳои бостон дорои равобити тиҷоратӣ буданд. Дар ин бора асари Абулқосим Фирдавсӣ — «Шоҳнома» гувоҳӣ медиҳад. Яке аз қаҳрамонҳои он иброз медорад, ки сарвати худро аз Рус — Русияи имрӯза ба даст овардааст.

— Устод, боз коре накунед, ки баъди ин тавсифатон муҳоҷирати сафи муҳоҷирони ҳавасманди сарватмандӣ ба Русия дучанд афзояд!?

Зикрулло АМИРӢ, донишҷӯи донишгоҳе дар Санкт-Петербург

— Бисёр корҳоест, ки мо бояд анҷом диҳем, вале бо сабаби набудани вақт дасткӯтоҳем. Бинобар ин, барномае ҳамчун дастёр лозим аст. Яъне, корбар метавонад ба барнома супориш диҳад ва барнома онро дар хотир сабт кунад ва вақти зарурӣ ёдрас менамояд.

— Аҷаб коре кардед! Беҳтараш, коре карда, ягон барномае ихтироъ намоед, ки дар корҳои кишоварзӣ ба мо кумак расонад. 

Рустамҷон ҚУРБОНОВ, корманди ширкати мобилӣ

— То ҳол орзуи табобати ройгони беморонро дар қалб мепарварам. Нақша дорам, ки дар оянда як “фонди хайриявӣ” таъсис дода, аз ин тариқ беморонро бо истифода аз мутахассисони варзида ба табобат фаро гирам.

— Офарин ба ниятатон, вале як савол: Боз “фонди хайриявӣ”-и шумо ҳам ҳатто доруҳои хайриявиро пулакӣ накунад?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *