пиёз

Ниёз дар ғами Пиёз. Чаро омор ба нархи бозор мувофиқат намекунад?

— Пиёз чанд сомонӣ?

— 7,5 сомонӣ.

— Чаро ин қадар қиммат?

— Намедонам ака, мо ҳам қиммат мегирем.

— Мана инаш 5 сомонӣ. Вайрон шудагӣ не, каме зарб хӯрдаву майдаву неш кашидагӣ…

Ин суҳбати кӯтоҳи сокини 71-солаи шаҳри Душанбе Ниёз Сафаров бо савдогари бозор буд. “То нафақаи ману кампир 2 ҳафтаи дигар аст. Пули бачаҳо ҳам аз Русия насиб бошад баъди 10 рӯз меояд. Ҳозир аз пиёзи сорти дуюм 4 кило гирифтам”,- мегӯяд мӯйсафед пакети селофаниашро нишон дода, ки дарунаш пиёз аст ё алаф, фарқ кардан душвор аст…

Воқеан, болоравии нархи пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзӣ на танҳо амаки Ниёзро ғамдор кардааст, балки дигар сокинони кишварро ҳам ба ташвиш овардааст.

Дар бозорҳои кишвар нархи пиёз, ки яке аз маҳсулоти ниёзи аввал аст, ба осмон дакка мехӯрад ва ба 8 сомонӣ мерасад. Савдогарон мегӯянд, ки ин оғози гароншавӣ аст ва эҳтимол то расидани ҳосили нав қимати пиёз аз марзи 10 сомонӣ ҳам убур кунад…   

Агар моҳи январи соли 2022 ба ҳисоби миёна нархи чаканаи пиёз дар Душанбе 2,5 сомониро ташкил медод, пас имсол 7,5 — 8 сомониро ташкил медиҳад. Коршиносон мегӯянд, нархро танҳо ҳосили нав поин оварда метавонад, ки то он замон ҳанӯз се моҳ аст.

Ду сабаби қимматии пиёз

Тибқи маълумоти Агентии омор, дар соли 2022 дар ҷумҳурӣ беш аз 672 ҳазор тонна пиёз ҷамъоварӣ шудааст, ки нисбат ба соли қаблӣ 6,6% камтар аст.

Нархи пиёз дар тобистон ва тирамоҳи соли 2022 боло рафт. Афзоиши нархи пиёз ва дигар маҳсулоти кишоварзиро бозоршиносон ба чанд омил алоқаманд медонанд.  

Якум — омили табиӣ. Соли равон боду ҳаво номусоид омад. Моҳи майи соли 2022 боришоти шадид ба амал омад ва моҳи июн низ идома ёфт. Пиёзи барвақтӣ дер пухта расид, як қисми ҳосил нобуд шуд. Ҳамин тавр, ҳосили пиёз кам шуд.

Дуюм — содирот. Маҳсулоти кишоварзии Тоҷикистон феълан дар Русия ва дигар кишварҳо харидорони нағз дорад. Ҳамин аст, ки пиёз бештар содирот шуд ва ин сабаби таъмин набудани бозори дохилӣ гардид. Тибқи маълумоти Агентии содирот Русия ва Қазоқистон харидорони асосии пиёзи Тоҷикистон будаанд. 

Аз Вазорати кишоварзии Тоҷикистон бошад, яке аз сабабҳои гароншавии нархи пиёзро дар якбора сард шудани ҳаво медонанд, ки захираи пиёз дар амборҳо қисман талаф ёфтааст.

Тибқи иттилои Вазорати кишоварзӣ, дар 6 моҳи аввали соли 2022 даромад аз фурӯши пиёз нисбат ба соли гузашта 36% афзоиш ёфтааст. Агар дар соли 2021 ин маблағ 4,7 миллион долларро ташкил карда бошад, пас дар соли 2022 аллакай ба 6,6 миллион доллар расид.

Мушкил дар бозори ҳамсоя

Вале агар воқеӣ андеша кунем, омили асосии болоравии нархи пиёз вобаста будани бозори Тоҷикистон ба кишварҳои ҳамсоя аст. Бинобар ин, сабаби якбора гароншавии нархи пиёзро набояд дар амборҳои Тоҷикистон, балки дар кишвари ҳамсоя ҷуст. 

Зеро моҳи январи соли ҷорӣ Қазоқистон ва Ӯзбекистон содироти пиёзро муваққатан манъ карданд.

Тасмими манъи фурӯши пиёз ба хориҷа ба гароншавии қимати ин сабзавот дар бозори дохилии Ӯзбекистон дар пайи сардиҳои шадиди охир рабт дода мешавад.

— Тасмими мазкур ба гароншавии қимати ин сабзавот рабт дода мешавад. Бар асари сармоҳои ғайримуқаррарӣ захираи пиёзро дар анборҳои бархе навоҳии ҷумҳурӣ хунук задааст, ки дар натиҷа камбуду гаронии ин навъи маҳсулот ба вуҷуд омадааст,- навиштааст Sputnik Ӯзбекистон.

Коршиносони лоиҳаи EastFruit пешгӯӣ мекунанд, ки нархи яклухти пиёз метавонад барои як кило ба як доллар бирасад. Онҳо як қатор сабабҳои қиммат шудани пиёзро нишон доданд. Ба ҷуз аз хушксолӣ дар Аврупо ва обхезӣ дар Покистон, низоъ дар Украина низ вуҷуд дорад, ки бузургтарин тавлидкунандаи пиёз дар Аврупо буд.

Вале ин ҷо суоле сар мезанад, ки чаро Вазорати кишоварзӣ ва дигар мақомоти дахлдори кишвар оянданигарӣ надоранд? Чаро талаботи бозори кишвар қонеъ нашуда, барои содироти маҳсулоти ниёзи аввал иҷозат медиҳанд? Ва умуман, чаро фикри зимистонро дар тобистон намекунанд?

Шояд Вазорати кишоварзӣ ба ин саволҳо посух медиҳад?

Д. ҚОДИРПУР, журналист   

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *