Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Шариф РАҲИМЗОДА, директори Институти иқтисод ва демография

— Мо аз ҷиҳати ирсият боқувватем. Чунки то математик набошед, шоир намешавед. Мо метавонистем ҳама физик ё математик шавем, лекин шароиту имконият даст надод. Ҳама шоир шудем. Бештарамон шеър мегӯем ва фикр мекунем, ки бо ҳамин бузургем.

— Як ин шоирӣ не, боз дигар бузургиҳо низ дорем. Ҳам шеър мегӯем, ҳам оҳанг мебандем ва боз худамон онро месароем. Ягон физик ё математик чунин бузургиро дорад?

Фирӯза ҲАФИЗОВА, сарояндаи шинохтаи эстрада

— Агар марде пайдо шавад, ки ягон риштаи соҳибкориро кушода диҳаду гӯяд, ки сарояндагиро бас кун, ман ба ин пешниҳод омодаам. Ҳаёт бе мард аҷиб нест. Мард набошад, муҳаббати зиндагӣ ва эҳсосот гум мешавад. Мард бояд бо зан бошаду зан бо мард бошад.

— Эҳаааа, дилатон чиҳое намехостааст! Аммо, медонед барои бисёр мардҳо чӣ аҷиб аст? Зане пайдо шаваду ягон риштаи сердаромадро кушояд, то муҳаббати зиндагӣ эҳсос гардад.

Зариф ҒУЛОМ, нависанда ва ҳуқуқшинос

— Китобхонаи ҷамоат аксар вақт маҳкам буду китобдораш ҳунари ҳофизӣ дошта, тӯй ба тӯй мегашт. Ман шишаи тирезаи китобхонаро кушода, ба он медаромадам ва китоби дилхоҳро гирифта, дар хона мехондам ва боз ба ҳамон тиреза даромада, ба ҷояш мегузоштам.

— Худатон хуб медонед, ки чунин амалатон оқибати нохуши ҳуқуқӣ дорад, аммо агар рост аст, хуб кардед. Метавонистед ҳатто баъди хондан ҳам китобҳоро барнагардонед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *