Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Ҷонибек АСОЗОДА, узви Иттифоқи рассомони Тоҷикистон

— Натавонистам хонаи сӯхтаамро азнавсозӣ кунам. Маҷбур шудам яке аз писаронамро ба муҳоҷират фиристам. Метавонистам тамоми асарҳоямро ба фурӯш гузораму соҳиби хонае шавам, вале метарсам, ки дар ин синну сол боз асар офарида метавонам ё на.

— Нусхабардорӣ кардаву баъд фурӯшед, намешавад? Ё умед доред, ки Иттифоқи рассомону Вазорати фарҳанг даст ба дасти ҳамдигар дода, дар азнавсозии хонаи сӯхтаатон кумак мерасонанд?

Давлати РАҲМОНИЁН, шоири ҷӯяндаи тоҷик

— Аслан, одами соҳиби тамкин нестам. Ман зиёд нозук ва дар мавқеи зиёд дағалам. Чун солам мор аст, баъзан морона тавассути забон неш мезанам. Шояд яке аз сабабҳои танҳоии ман ҳамин бошад, ки дӯстонам аз ман мегурезанд. Танҳоиям то ҷое сохта ҳам ҳаст.

— Агар сад маротиба худро воҳима ҳам кунед, мардум, хусусан онҳое, ки шуморо аз наздик мешиносанд, ба ин гуфтаҳоятон бовар намекунанд. Вале агар ҳадафатон тарс додани ҳарифон бошад, ин гапи дигар.

Абдулҳай ЗОКИРОВ, коргардони хушҳунари “Тоҷикфилм”

— Ёд дорам, вақте кӯдак будам, дар яке аз шабакаҳои телевизионии Русия силсилафилми “Изаура” намоиш дода мешуд. Ман ҳама қисмҳои онро тамошо мекардаму ҳодисаҳои рухмедодаи қисмҳои баъдиро пешгӯӣ менамудам.

— Ин тавр ки бошад, ба ҷои коргардон экстрасенс мешудед, беҳтар набуд? Пӯшидаву пинҳонӣ ҳам бошад, кам-кам тақдири одамонро пешгӯӣ мекардеду соҳиби пули муфт мешудед.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *