Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Носир БОЗОРОВ, Устоди варзиши миллии “Гӯштингирӣ”

— Фарқият он аст, ки дар самбо вақти қувваозмоӣ аз пой мегиранд ва дар замин афтонда, усулҳои латдиҳӣ ва бӯғикуниро истифода мебаранд, ки инҳо дар гӯштини мо вуҷуд надоранд. Лекин такягоҳи самбо ва ҷудо гӯштини миллии мост.

— Такягоҳашон гӯштини миллии мо ки бошад, номаъқул карда ҳар усули мехостаашонро истифода мебаранд?! Ё вақти ворид кардани усулҳои нав, масалан лагадзанӣ ё гӯшгазӣ дар гӯштини миллӣ фаро расидааст?

Ҳилолбӣ ҚУРБОНЗОДА, раиси Кумитаи кор бо занон ва оилаи ҶТ

— Мардҳое, ки ба кумита муроҷиат мекунанд, муроҷиати онҳо зӯроварӣ ҳисобида намешавад. Омилҳои зӯроварӣ аз ҷониби занон нисбати мардон ба қайд гирифта нашудааст. Ба мард аз ҷониби занон ҷабр ба қайд гирифта нашудааст.

— Ҳаҳаҳаҳ, аз хандара куштед, раиса! О, мардҳои бечора ҳама корро худашон кунанд, боз барои чӣ нисбаташон зӯроварӣ сурат мегирифтааст?

ХАЙРАНДЕШ, шоири шинохтаи тоҷик

— Ногоҳ аз пуштам касе садо баровард. Нигоҳ кардам як гурӯҳ донишҷӯдухтарҳо буданд. Яке аз онҳо ба ман як кулчақанд дод ва гуфт устод ҳаминро гиред. Ман исрор кардам, ки намегирам ва худатон хӯред.

— Акнун ки аз он воқеа хело вақт гузаштааст, росташро гӯед, он лаҳзаҳо дар чӣ хаёл будед? Барои донишҷӯ буданашон дилатон сӯхт, ё фикр кардед, ки мабодо бо кулчақанд гармӣ накарда бошанд?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *