Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Тағоймурод РОЗИҚОВ, Ҳунарпешаи халқии Тоҷикистон

— Ба умеди муаллимон намешудем, худамонро хурсанд мекардему ба калонсолон кордор набудем… Азбаски мерақсидему доира мезадему барнома месохтему шӯхӣ мекардему механдидем, мизҳои мактабамон мешикастанд.

— Оҳо, сирро фош кардед ку, устод! Агар ки мизҳои мактабро мешикастед, пас муаллимону калонсолон ҳам ба хурсандиву шӯхиҳои шумо кордор набудаанд-дия!

Сановбар ХОЛМАТОВА, номзади илми филология

— Дар назари бисёриҳо мураттаб намудани фарҳангҳо гӯё кори мушкиле нест. Калимаро бармегузинӣ, бо забони дигар қиёс менамоӣ, аз забони гӯяндагон мисолҳо меорӣ ва фарҳанг омода мешавад.

— Дуруст аст иддаоятон, муаллима. Агар мураттаб кардани фарҳангҳо кори осон мебуд, имрӯзҳо дар кӯчаву хиёбонҳо бо лак-лак хатоҳои забонии овезаҳо вонамехӯрдем.

Камил НУРМАТОВ, сароянда, варзишгар ва ихтироъкор

— Бисёранд ашхосе, ки таманнои ҳавоӣ доранд, вале системаи амалкардашон ба сифр баробар аст. Аз ин рӯ, моро мебояд то қадри тавонамон кӯшиш ба харҷ диҳем, зеро заҳмати шабонарӯзӣ моро ба маснади комёбиҳо садрнишин месозад.

— Орзу кардан зарар надорад. Боз, мегӯянд ку: “Нияти нек ними давлат”. Орзуҳои ҳавоӣ ҳам бошад, бигзор таманно кардан гиранд, шояд аз миёни ин бисёриҳо чанд нафар муваффақ шаванд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *