Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Усмоналӣ НУРЗОДА, сархатиби масҷиди ҷомеи шаҳри Бохтар

— Ҳар мусулмоне дар моҳи муборак ба бародари мусулмони худ раҳм намекунад ва ҳаққи ӯро мехӯрдад, муртакиби гуноҳ мешавад. Беасос боло бардоштани нархи маҳсулот дар моҳи муборак баракатро аз тиҷорати соҳибкор мепаронад.

— Дигар вақтҳо чӣ, домулло? Агар мусулмоне ҳаққи бародари мусулмони худро дар моҳҳои муқаррарӣ хӯрад, муртакиби гуноҳ намешавад?

Абдусалом ОДИНАЕВ, парваришгари морҳои заҳрнок

— Вақте ки дар озмуни «Андалеб» заҳри морро хӯрдам, таваҷҷуҳи мардум ба ман зиёд шуд. Аз чандин ҷойҳо одамон барои гирифтани маслиҳат ва табобат наздам меомаданд. Дар ин миён оҳиста-оҳиста шумораи морҳо дар хонаи ман зиёд гардиданд.

— Умедворем, ки чунин хатои даҳшатнокро бори дигар такрор намекунед, ҷаноб! Коре накунед, ки нафарони соддаву гаправ ҳам мисли шумо заҳри мор хӯранд…

Лоиқ РАҶАБОВ, варзишгари маъруфи тоҷик

— Рости гап, чанд маротибае, ки ба ширкатҳои ватанӣ муроҷиат кардам, аз кардаам пушаймон шудам. Ба хотири он ки шояд аз нигоҳи буҷаи ширкаташон бошад, маблағи хеле ночиз пешниҳод мекунанд, ки фақат барои 5-6 рӯз мерасад.

— Нафароне ҳам ҳастанд, ки моликияташон аз сармояи баъзе ширкатҳо бештар аст ва ба варзиш таваҷҷуҳ доранд. Як бор кӯшиши муроҷиат ба Раҳими Ғармиро накардед?  

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *