Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Урун КӮҲЗОД, Нависандаи халқии Тоҷикистон

— “Орди гандум бо сабӯсаш”-ро ба нашриёти “Адиб” барои чоп супоридам. Ҳоло аз ин китоб на хат ҳасту на хабар. Камина қуввати ба нашриёт рафтану аз тақдири китоб пурсиданро надорам ва масъулини он ҷо ҳам ду сол шуд, ки ҷавоб намедиҳанд.

— Як маслиҳат устоди азиз, беҳтараш ба умеди “Адиб” шуда нашинеду ҳамин китобро ба ягон нашриёти хусусӣ супоред. Зуд нашр мекунанд ва ҳатто китобҳои чопшударо худашон ба хонаатон мерасонанд.

Лидия ИСАМОВА, хабарнигори РИА “Новости” дар Тоҷикистон

— Маро ҳамзамон як мушкили дигар нигарон мекунад — вақте арқому далелҳои ҷолиб дар рафти нишастҳо пешниҳод мешаванд, дарҳол мансабдорон зикр мекунанд, ки “ин танҳо барои маълумоти шумост, барои нашр не”.

— Ҷойи нигаронӣ надорад. Худро бо ин фикр зиёд бесаранҷом накунед. Баъзеҳо мегӯянд ку: “Журналист фаҳмид, тамоми дунё фаҳмид”. Муҳим ин ки, арқому далелҳои ҷолиб пешниҳод шаванд.

Абдурозиқ (ABDUROZIQ), ҳунарманд ва блогери тоҷик

— Ман шахсан як сурудро ба ҷаноби Салмон Хон мебахшам, ки маро бештар барои боздид аз Ҳиндустон илҳом бахшид. Ман то ҳол бо забони ҳиндӣ ҳарф зада наметавонам… Аммо 5 моҳ пеш бо забони англисӣ ҳам ҳарф зада наметавонистам.

— Ин эътирозатон баҷост, ҷаноби Абдурозиқ. Англису амрикоиҳо ҳам бояд ба шумо барои боздид аз кишварҳояшон илҳом бахшанд. Вагарна, метавонед омӯзиши англисиро қатъ карда, пурра ба ҳиндӣ рӯй оред.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *