2 интизорӣ аз сафари Президенти Туркманистон ба Тоҷикистон

Дар назар аст, ки моҳи апрели соли ҷорӣ Президенти Туркманистон Сердар Бердимуҳамедов бо сафари расмӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон ташриф орад. Дар ин бора хадамоти матбуоти ВКХ ҶТ дар сомонаи расмии худ хабар додааст.

Интизорӣ

То ҳол маълум нест, ки ҷонибҳо чӣ созишномаҳое ба имзо мерасонанд ва чӣ иқдомоте сурат хоҳад гирифт. Вале коршиносон баррасии ду иқдоми бузургро пешгӯӣ мекунанд: яке баҳрабардории шохаи 4-уми хати лӯлаи гази Осиёи Марказӣ — Чин (Туркманистон — Чин) тавассути Тоҷикистон ва дигаре лоиҳаи роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон — Тоҷикистон.

Гази Туркманистон ба куҷо меравад?

Туркманистон кишвари дорои захираҳои табиии бой маҳсуб ёфта, чорумин кишвари содиркунандаи гази табиӣ дар ҷаҳон ба шумор меравад. Саноати коркарди нафт, хӯрокворӣ, пахта, нассоҷӣ, гилембофӣ низ соҳаҳои асосии содиротии ин кишваранд. Тоҷикистон кишвари ниёзманди гази табиӣ аст ва метавонад онро аз Туркманистон ворид кунад.

Туркманистон аз соли 2009 гази худро тавассути се шохаи лӯлаи газ ба Чин, ки аз қаламрави Қазоқистон ва Ӯзбекистон мегузарад, интиқол медиҳад. Дар ин муддат зиёда аз 350 млрд метри мукааб гази ин кишвар ба Чин интиқол ёфтааст.

Дар ҷараёни сафари давлатии президенти Туркманистон ба Чин дар оғози моҳи январ дар Пекин ёддошти тафоҳум миёни ширкати «Туркмангаз» ва CNPC ба имзо расид. Бердимуҳамедов ва Сӣ Ҷинпин, президенти Чин дар як изҳороти муштарак гуфтаанд, ки ҷонибҳо иҷрои тарҳҳои газро суръат мебахшанд.

Дар ниҳоят, ҳаҷми умумии содироти гази Туркманистон ба Чин аз 40 миллиарди феълӣ ба 65 миллиард метри мукааб дар як сол афзоиш хоҳад ёфт.

Лоиҳаи сохтмони шохаи 4-уми хати лӯлаи гази Осиёи Марказӣ — Чин тавассути Тоҷикистон, ки лоиҳаи он соли 2013 ба имзо расида буд, анҷом пазируфтааст.

Моҳи марти соли 2014 миёни CNPC (Ширкати миллии нафту гази Чин) ва «Тоҷиктрансгаз» созишнома ба имзо расида, дар асоси он корхонаи муштараки сохтмон ва истифодабарии лӯлаи гази Trans-Tajik Gas Pipeline Company Ltd бо саҳми тарафҳо ба маблағи 300 миллион доллари ИМА таъсис дода шуда буд.

Дар Тоҷикистон лӯлаи газ аз ноҳияи Турсунзода тавассути Ҳисор, Шаҳринав, Рӯдакӣ, Ваҳдат, Файзобод, Нуробод, Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол то марзи Қирғизистон мегузарад.

Сохтмонро ширкати фаръии CNPC (Ширкати миллии нафту гази Чин) аз соли 2018 анҷом додааст.

Дар лоиҳа сохтмони 42 нақби куҳӣ бо дарозии умумии 63,3 км ва дигар зерсохторҳо дар Тоҷикистон пешбинӣ шудаанд.

Интизор меравад, ки тавассути шохаи 4-уми лӯлаи гази Осиёи Марказӣ — Чин солона аз Туркманистон ба Чин 25-30 млрд метри мукааб газ интиқол дода шавад.

Дар ҳудуди Қирғизистону Тоҷикистон сохтани лӯлаи гази Туркманистон — Чин ба онҳо фоидаи калони иқтисодӣ, аз ҷумла, даромад ба буҷет аз транзит, ташкили ҷойҳои кор, инчунин бевосита харидани газ меорад.

Дар тӯли 32 соли фаъолияти ин лӯла, «Trans-Tajik Gas Pipeline» нақша дорад, ки барои транзити газ беш аз 15 млрд доллар дарёфт кунад. Аз ин шумор ҳудуди 4 млрд доллар дар шакли андоз ва пардохтҳои иҷтимоӣ ба буҷаи кишвар ворид мешавад.

Ба ин тартиб, тибқи ҳисобҳои мутахассисони тоҷик, иҷрои ин тарҳ беш аз 3 миллиард доллар сармояи мустақими Чинро ба иқтисоди Тоҷикистон ҷалб хоҳад кард.

Роҳи оҳан. Толибон иҷозат медиҳанд?

Туркманистон интизор дорад, ки тавассути бунёди роҳи оҳани Туркманистон — Афғонистон — Тоҷикистон (ТАТ) ба бозорҳои Чин ва аз онҷо ба минтақаи Осиё ва Уқёнуси Ором ворид шавад.

Дар ин замина Туркманистон то шаҳри Андхӯйи Афғонистон хати роҳи оҳан ва Тоҷикистон қитъаи Ваҳдат — Ёвони роҳи оҳани Душанбе — Бохтар — Шаҳритуз — Ҳушодиро сохтаанд.

Харҷи тарҳи техникию иқтисодии бахши Афгонистонии ТАТ-ро Бонки осиёии рушд бар уҳда гирифта буд. Чанде пеш хабар дода шуд, ки ҳукумати Куриёи Ҷанубӣ омода аст харҷи бахши тоҷикиро пардохт кунад.

Тоҷикистон метавонад ин роҳи оҳанро ҳамчун роҳи содиротии худ истифода барад. Роҳи оҳани Тоҷикистон ва Туркманистон тавассути қаламрави Афғонистон ба Тоҷикистон имкон медиҳад, ки ба шабакаи роҳи оҳани ИДМ ва баҳри Хазар ва дар оянда ба Халиҷи Форс ва Уқёнуси Ҳинд дастрасӣ пайдо кунад.

Созишномаҳое, ки пештар ба мувофиқа расида буданд, бо ҳукумати қаблии Афғонистон буд. Аммо, чуноне ки ба ҳамагон маълум аст, Афғонистонро имрӯз толибон идора мекунанд. То ҳол толибонро ҳукумати Тоҷикистон эътироф накардааст. Барои идомаи сохтмони ин роҳи оҳан Тоҷикистону Туркманистон бояд бо ҳукумати толибон гуфтушунид кунанд, вале то ҳол ягон гуфтушуниде сурат нагирифтааст. Ба назар мерасад, ки сохтмони ин лоиҳа дар ин мулоқот матраҳ намешавад. Чунки баъд аз кушода шудани сарҳади миёни Тоҷикистону Ӯзбекистон ин роҳ аҳамияташро гум кард.

Миръатуллоҳ АТОӢ

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *