Суғд: Маросими ёдбуди шаҳидони ҶБВ баргузор шуд

Имрӯз, 8 –уми май дар назди муҷассамаи ёдгории шаҳидони Ҷанги  Бузурги  Ватании солҳои 1941-1945, воқеъ дар мавзеи Панҷшанбеи шаҳри Хуҷанд маросими гулчамбаргузорӣ ва ёдбуди шаҳидон баргузор гардид.

Раиси вилояти Суғд Раҷаббой Аҳмадзода, собиқадорони ҷангу меҳнат ва намояндагони аҳли зиёи вилоят бар пояи муҷассамаи ёдбуди шаҳидони ҷанг гулҳои тару тоза гузошта, хотири шаҳидону қурбониёни Ҷанги Бузурги Ватаниро пос доштанд.

Ёдовар бояд шуд, ки соли равон аз таърихи муборизаҳои фидокоронаи дар майдонҳои Ҷанги Бузурги Ватанӣ нишондодаи фарзандони кишвари азизамон 79 сол сипарӣ гардид. Дар ин ҷанги хонумонсӯз аз кишвари мо беш аз 300 ҳазор нафар мардони далеру шуҷоъ сафарбар гардидаанд ва  92 ҳазор нафари онҳо ба хотири адо кардани қарзи фарзандии хеш дар майдонҳои ҷанг ҳалок шудаанд.

Имсол аз ҷониби роҳбарияти вилоят ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ, ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба ҳар кадоме ба миқдори 7 ҳазор сомонӣ кӯмакпулӣ супорида шуд. 

Ҳамзамон, ба шахсоне, ки дар солҳои ҶБВ дар хизмати ҳарбӣ буданд ва камаш шаш моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар солҳои ҶБВ бо яке аз медалҳои “Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945”, “Барои Ғалаба бар Япония” ва “Барои меҳнати шоён дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941-1945” сарфароз гардидаанд, ба миқдори 4000 сомонӣ кӯмакпулӣ дастрас гардид.

  Фарзона Шамсиева

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *