5000 сомонӣ. Кӯмаки Давлаталӣ Саид ба иштирокчиёни ҶБВ

Дар Тоҷикистон ҳоло 24 иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ дар қайди ҳаётанд. Аз онҳо 10 нафарашон дар вилояти Хатлон зиндагӣ доранд.

 Муқим Комилзода, котиби масъули Шӯрои собиқадорони ҷангу меҳнати минтақаи Бохтари вилояти Хатлон ба Pressa.tj гуфт, ки аз номи Давлаталӣ Саид, раиси вилояти Хатлон ба ҳар иштирокчии Ҷанги Бузурги Ватанӣ 5 ҳазор сомонӣ тақдим шудааст. Ин кӯмаки молӣ дар арафаи 79-умин солгарди Рӯзи ғалаба ба иштирокчиён дастрас шудааст.

«Дар шаҳру ноҳияҳои Бохтар 2 нафар, Ҷайҳун 2 кас, Ҷалолиддини Балхӣ, Вахш, Хуросон, Абдураҳмони Ҷомӣ, Фархор ва ноҳияи Ховалинг якнафарӣ иштирокчиёни Ҷанги Бузурги Ватанӣ зиндагӣ доранд»,-афзуд номбурда.

Муқим Комилзода мегӯяд, ҳамчунин аз ҷониби масъулини ташкилоту идораҳои давлатӣ ва роҳбарони шаҳру ноҳияҳо ба иштирокчиёни Ҷанги Бузургӣ Ватани кӯмаки молӣ расонида мешавад.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *