Тоҷикистон дар ҷаҳон 34-ум ва дар Осиё 8-ум шуд

FIFA барои аввалин бор дар таърих рейтинги ҷаҳонии дастаҳои мунтахаби футзалро эълон кард.

Дастаи мунтахаби футзали Тоҷикистон бо 1167,37 хол дар байни 139 кишвари ҷаҳон дар зинаи 34-ум ва дар Осиё дар ҷойи 8-ум қарор дорад. Аз рўйи натиҷагирии Ҷоми Осиё-2024, ки чанде пеш дар Бангкок ба анҷом расид, дастаи мунтахаби Тоҷикистон таҳти роҳбарии Пайрав Воҳидов бори аввал дар таърихи худ соҳиби роҳхат ба Чемпионати ҷаҳон шуд.

Дар раддабандии FIFA дастаи мунтахаби Бразилия дар ҷои аввал, қаҳрамони феълии ҷаҳон, тими миллии Португалия, аз Испания пеш гузашта, ба зинаи дуюм баромад. Ба панҷгонаи беҳтарин дастаҳои Эрон ва Аргентина низ шомил шуданд.

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *