Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Қурбон ҲАКИМЗОДА, вазири кишоварзии Тоҷикистон

— Дар ноҳияи Рӯдакӣ нишондиҳандаҳои нақша аз рӯйи кишти ҳеҷ яке аз маҳсулоти кишоварзӣ, аз ҷумла картошка иҷро нашуданд. Дар таъмини бозорҳои пойтахт бо маҳсулоти кишоварзӣ ноҳияҳои Рӯдакӣ ва Ваҳдат нақши зиёд доранд.

— Мо ҳам нақш доштанашонро медонем, муҳтарам вазир! Аммо сабаби иҷро нашудани нақша чӣ бошад? Вазорат ягон таҳлилгаре дорад, ки омилҳоро муайян намояду роҳҳои раҳоиро нишон диҳад?

Баҳодур НЕЪМАТОВ, Ҳунарманди халқии Тоҷикистон

— Воқеан, варзишро зиёд дӯст медоштам ва ҳоло ҳам дӯст медорам. Дар давраи мактабхонӣ бештар ба гӯштину бокс машғул мешудам. Аммо ҳамзамон ба кружокҳои рубобнавозию сарояндагӣ ҳам мерафтам. Ҳамин тавр, санъат зӯрӣ карду рафтам ба Донишкадаи санъат.

— Ана гап дар куҷо будааст! Тақсири худатон. Агар муштзаниро идома медодед, зӯр мешудед ва санъат зӯрӣ намекарду шояд имрӯз шоҳиди иштирокатон дар мусобиқаҳо ва гирифтани медалҳо мегаштем.

Аъзам АЛИЗОДА, раиси ноҳияи Мастчоҳ

— Дар Мастчоҳ 6 ҳазор хоҷагии деҳқонӣ ҳаст, ки суратҳисоб надоранд. Ба фикри шахсии ман, муассисаҳо ва корхонаю идораҳои ноҳияи Мастчоҳ барои гузаштан ба низоми пардохти ғайринақдӣ омода нестанд. Бахусус, дар вақти андозсупорӣ муаммоҳо мешавад.

— Рафиқ раис, барои мо ҳам чунин бепарда сухан гуфтани шумо муаммо намуда истодааст. Матни супориширо хондед ё воқеан аз уҳдадориҳои раиси ноҳия будан хаста шудаед?

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *