Бингар, ки кӣ мегӯяд…

Маҳмадсаид ШОҲИЁН, директори МД «Тоҷикфилм»

— Истеъдод дар олами ҳунар, воқеан, муҳим аст, бисёр муҳим аст. Шояд дар дигар соҳа, касбҳо беистеъдод будани шахс рӯпӯш бишавад, аммо дар саҳнаи театр ва синамо он ба зудӣ ва осонӣ ошкор мешавад. Ҳеҷ кас ба ҷои ту ин камбудиро рафъ ва пинҳон карда наметавонад.

— Дар мавриди худи шумо, дуруст, барои ҳамин чунин фикр доред. Аммо гуфта метавонед, ки дар саҳнаи театру синамо имрӯзҳо “беистеъдодӣ” ва ё камбудиҳои пинҳоншуда вуҷуд надоранд?

Беҳрӯз ҲАФИЗОВ, омӯзгори забони англисӣ

— Ҳар калимаеро дар дафтар менавиштам, чун паранда, кабӯтар, дарахт, кӯча, алаф. Баъдан онҳоро ба забони англисӣ тарҷума мекардаму аз худ менамудам. Филмҳо бо забони англисиро бисёр тамошо мекардам. Пайваста дафтарам дар дастам буд.

— Ҳааа, ана маълум шуд, ки барои чӣ ҷавонони имрӯза забонро зуд омӯхта наметавонанд. Зеро, бештари онҳо дафтарро фаромӯш кардаанду пайваста филм тамошо мекунанд.

Бӯрӣ КАРИМ, донишманди намоёни тоҷик

— Замоне, ки ман 33 сол доштам, бо устод Лоиқ Шералӣ ва шоир Бозор Собир шинос гардидам. Ҳарчанд Бозор Собир ҳам ба ман ҳаққи устодӣ доранд, вале забонам дигар намегардад эшонро устод бигӯям. Барои ман он кас шоир мемонанд, шоири шинохтаи миллат.

— Рост мегӯед, барои ҳама Бозор Собир шоир мемонанд. Аммо чаро “дигар забонатон намегардад” ӯро устод бигӯед? Аз кинояатон мушоҳида мешавад, ки шояд аз ӯ озурдагие дар дил доред…

Pressa.tj Бохабар аз гапи ҷаҳон бош!
Моро пайгири намоед
Telegram, Facebook, Instagram, YouTube

Акс, видео, хабарҳои ҷолибро фиристед: Viber, Whatsapp, IMO, Telegram +992 98-333-38-75


Шарҳ

Назари дигар доред? Нависед!

Leave a Reply

Ваш e-mail не будет опубликован. Обязательные поля помечены *